Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 ҷой)
– Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо – 1 ҷой – маоши вазифавӣ – 3803,80
– Ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ – 2560,25 сомонӣ;
– Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 2560,25 сомонӣ;
– Мутахассиси пешбари раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1890,80 сомонӣ;
– Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1890,80 сомонӣ;
– Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1890,80 сомонӣ;
– Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1890,80 сомонӣ;
– Котиби марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ ва назорат -1 ҷой – маоши вазифавӣ 1554,40 сомонӣ;
– Мутахасиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1554,40 сомонӣ;
– Мутахасиси бахши иттилоот ва рақамикунонӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1554,40 сомонӣ;
- Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон(7 ҷой)
– Сардори шуъба – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 2685,65 сомонӣ;
– Ёрдамчии раис – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 2204,95 сомонӣ;
– Пристави судӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1635,60 сомонӣ;
– Котиби маҷлиси судӣ – 4 ҷой – маоши вазифавӣ 1345,60 сомонӣ.
- 4. Суди иқтисодии вилояти Суғд (2 ҷой)
– Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1345,60 сомонӣ;
– Котиби суд – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1345,60 сомонӣ.
-
- Суди иқтисодии вилояти Хатлон (1 ҷой)
– Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 1345,60 сомонӣ.
-
-
- Суди иқтисодии шаҳри Душанбе (5 ҷой)
-
– Сардори шуъба – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 2685,65 сомонӣ;
– Ёрдамчии раис – 1 ҷой – маоши вазифавӣ 2204,95 сомонӣ;
– Котиби маҷлиси судӣ – 3 ҷой – маоши вазифавӣ 1345,60 сомонӣ.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд;
– кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ);
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадории мансабиро ба танзим медароранд;
– кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ);
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби ёрдамчиёни Раис, муовини Раис ва судяи Суди Олии иқтисодӣ:
таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
кор карда тавонистан бо компютер;
дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва пристави судӣ:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот:
– таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби марҳилаи якум, марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ ва назорат, мутахассиси бахш ва котибони маҷлиси судӣ:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; –
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо:
– таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси бахши иттилоот ва рақамикунонии Суди Олии иқтисодӣ:
– таҳсилоти олӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал ду забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– малакаи бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кор кардан;
– одоби муошират бо ҳамкорон ва шаҳрвандон;
– на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои соҳаи иттилоот ва рақамикунонӣ;
– малакаи хуби истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир (компютер);
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
– Ариза ба унвонии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, аниқу фаҳмо нишон дода шаванд);
– Тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);
– Нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;
– Диплом ва нусхаи он бо замимааш;
– Расм (3х4 ранга 4 дона ва 4х6 2 дона);
– Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);
– Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда(РМА);
– Эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;
– Маълумотномаи ҷойи истиқомат ва оилавӣ;
– Маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
– Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);
– Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;
– Ҷузвдон (скорошиватель)
– Лифофа
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзӣ-37, дар бинои Суди Олии иқтисодӣ дар давоми 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун қабул карда мешаванд.
Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун маълумоти иловагиро тариқи телефони 227 86 26 дастрас намоянд.
Напечатать страницу