Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди иқтисоди мамлакат

Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати берунӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 таъкид ба амал оварда шуд, ки “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд.”

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7% ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ, дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Ҳамзамон, дастовардҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва пешрафти ин соҳаи пешбари иқтисодиёт махсусан таъкид гардиданд. Иброз дошта шуд, ки солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар амал самараи дилхоҳ дод.  Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардуми мамлакатро ба рушди энергетика ва дурнамои тараққиёти он ҷалб намуданд. Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Қайроққум” ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи “Себзор” ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи “Норак” ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи “Қайроқум” иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи “Норак” таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи “Себзор” бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.

Як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат рушди неруи “сабз” мебошад, ки аз рӯйи истифодаи он дар раддабандии байналмилалӣ Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2030 истеҳсоли неруи эҳёшаванда аз ҳисоби манбаъҳои офтоб ва бод ба 1 мегаватт расонида шавад. Дар соли 2032 тамоми неруи барқи мамлакат аз манбаъҳои эҳёшаванда истеҳсол мешавад.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.

Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат дар таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодие, ки рушди устуворро пеш мебарад, нақши муҳим мебозад. Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мақомотҳои давлатӣ, коршиносон ва мушовирон барои таҳияи стратегияҳое, ки ба мушкилоти иқтисодии кишвар расидагӣ мекунанд ва аз ҷиҳатҳои тавонои он истифода мекунанд, зич ҳамкорӣ мекунанд. Ин таҳияи сиёсатҳо барои диверсификатсияи иқтисод, таҳкими бахшҳои калидӣ, аз қабили соҳаи саноат, кишоварзӣ, истеҳсолот ва сайёҳӣ ва беҳбуди инфрасохтор ва робита дар дохили кишвар ва бо кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки маҳз соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси рушди иқтисодиёти миллӣ буда, таваҷҷуҳ ба ин самт ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои бузургу ояндаи дурахшони мамлакат мусидат менамояд. Аз ин рӯ, мебояд ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар амалинамоии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвари азизамон нақши сазовор доранд, имтиёзҳои бештари ҳуқуқӣ дода шавад ва иқдомҳои наҷиби ба рушди иқтисоди миллӣ равонагардидаи онҳо ҳаматарафа дастгирӣ карда шавад.

Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Қурбонова М.П.

Напечатать страницу Напечатать страницу