Қабули шаҳрвандон

Кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ самти афзалиятноки фаъолияти судҳои иқтисодӣ буда, ҷиҳати ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабули муроҷиаткунандагон дар рӯзҳои шанбе ва рӯзҳои дигари тибқи ҷадвали идоравӣ муайяншуда, инчунин дар доираи ваколат ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи онҳо чораҳои иловагӣ андешида мешавад.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло рӯзи шанбе, 5 апрели соли 2025 шаҳрвандонро бевосита қабул намуданд ва ҳар як муроҷиат бо тартиби муқарраргардида ҳал  гардида, посухҳои дахлдор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар рӯзҳои дигари тибқи ҷадвали идоравӣ тасдиқгардида низ  роҳандозӣ мегардад.

Напечатать страницу Напечатать страницу