Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ.

28 марти соли 2025 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор доданд.

Инчунин, тибқи нақша машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиҳо мувофиқи нақшаи мазкур доир ба мавзӯҳои зерин: 1) Тартиби коргузории назорати иҷрои санадҳои судӣ дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ. 2) Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии терроризм ва экстремизм. 3) Муқовимат бо маълумотҳои бардуруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. 4) Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ баромад намуда, сипас дар доираи ин мавзӯъҳо саволу ҷавобҳо сурат гирифт ва маърузачиҳо доир ба саволҳои додашуда ҷавобҳои муфасал доданд.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мебошад ва тибқи Нақшаи тасдиқгардида охири ҳар моҳ бо ҷалби раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе семинарҳои илмию амалӣ баргузор карда мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу