Паём – сарчашмаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ

Ҳамасола дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки вазъи моддии халқамон қадам ба қадам беҳтар гардида истодааст. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад.

Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша низ дар беҳтар гардидан ва баромадан аз сатҳи камбизоатӣ назаррас мебошад. Чунончӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ саҳм гузошта шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва баровардани онҳо аз сатҳи пасти зиндагӣ мусоидат намуданд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур се баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Дар зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти мамлакат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри  соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

– музди меҳнати амаликунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1-уми сетябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин. иловапулӣ ба онҳо, тибқи муқарароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти миллӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд.

Ҳамасола паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун стратегияи рушди давлатдорӣ дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ё худ фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандон самткушоӣ мекунанд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шаҳрвандони камбизоат имтиёзҳои зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла аз пардохти хизматрасониҳои комуналӣ озод намудани табақаи ниёзмандани аҳолӣ ва маъюбону бепарасторон кафолат дода мешавад. Ин амал дар мустаҳкам намудани пояҳои иҷтимоии давлат мусоидат менамояд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идома додани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” шаҳодати суханҳои боло мебошад.

Бо назардошти он, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ барои ин мақсад равона карда шуд. Барои солҳои оянда расидан ба ин ҳадаф чораҳои ҷиддӣ дар шакли барномаю лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Ҳукумат ва инчунин дар муносибат бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.

Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда сафарбар намуда истодааст. Ба хотири кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон аз соли 1995 бо қарори Созмони Миллали Мутаҳид ҳамасола 19 декабр Рӯзи байнанмилалии кумак ба камбизоатон ҷашн гирифта мешавад.

Боиси таъкид аст, ки тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии имрӯзаи Ҳукумат ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кулли кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳвандони ҷумҳурӣ равона шудааст.

Дар ин самт Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар асоси муқарароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Дар асоси Стратегияи мазкур Тоҷикистонро дар соли 2030 ҳамчун кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои тадбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд, муаррифӣ намудааст.

 

Нозири сомонаи дар

Суди Олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоқикистон                                                Раҳимова Фарзона

 

Напечатать страницу Напечатать страницу