ИНТИХОБОТ – МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина, интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдории худро ба арзишҳои низоми демократӣ изҳор намуда, талаботи ин низомро дар санадҳои марбут ба ин масъалаҳо дарљ кард. Дар боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ва баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ эътироф шудааст. Бо назардошти ин муқаррарот дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Интихобот шакли ягонаи қонунии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ мебошад.

Интихобот чун ниҳоди демократӣ нишондиҳандаи ташкили идораи демократии давлат, омили муҳими ташаккулёбии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ гаштани соҳибихтиёрии халқ шинохта шудааст ва шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор менамояд.

Тавре маълум аст, интихобот дар шароити муосири давлатдории Тоҷикистон яке аз хусусиятҳои назарраси ҷомеаи демократӣ буда, воситаи муҳими ташаккул ва рушди низоми сиёсии ҷомеа, раванди демократикунонии ҷомеа, плюрализми сиёсӣ ва низоми бисёрҳизбӣ низ њаст, ки дар шаклгирии ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, хусусан парламентаризм, аз омилҳои арзишманди рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум аст, дар раванди интихобот чун қоидаи муайяншуда номзадҳо аз ҷониби субъектҳои интихобот пешбарӣ гардида, талош менамоянд, ки муборизаи сиёсиро дар асоси талаботи муайяншудаи қонунгузорӣ доир намоянд ва фаъолияти худро дар байни ҷомеа устувор созанд. Ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосирро бе интихобот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Халқ ба ин тартиб намояндагони худро дар мақомоти давлатӣ интихоб карда, ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки вазифаҳои муайянро иҷро намоянд, дар сатҳи мақомоти намояндагӣ барои ҳимояи манфиатҳои интихобкунандагон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Интихобот, пеш аз ҳама, чун воситаи қонунигардонии ҳокимияти сиёсӣ, низоми сиёсии ҷомеа, механизми интихоби намояндагони халқ ва нишондиҳандаи ҷомеаи демократӣ эътироф шуда, воситаи муҳими ташаккул ва рушди парламентаризми муосир ба ҳисоб меравад.

Интихобот ҷузъи муҳими низоми сиёсии муосири Тоҷикистон, раванди демократӣ барои намояндагии манфиати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ, ки дар Конститутсияи ифода ёфтааст ва муҳимтар аз ҳама, ниҳоди асосии иродаи сиёсии мардум мебошад. Айни замон интихобот шакли асосии иштироки воқеии аксари мардум дар сиёсат аст. Ин раванд ҳамеша ба овоздиҳӣ алоқамандӣ дорад. Дар натиҷаи интихобот ба номзадҳои интихобшуда ваколатҳо дар соҳаи ҳокимияти қонунгузор дода мешаванд.

Принсипҳои асосии баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар моддаи 3-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар карда шудааст. Вобаста ба принсипи ҳуқуқи умумии интихобот қонунгузор муайян намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Ниҳоди интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионии мазкур барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузоштааст.

Ниҳоди интихобот дар Тоҷикистон давоми даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои душвори ташаккул ва рушдро паси сар намуда, сарфи назар аз ҳама гуна мушкилот, ҳамчун унсури таркибии раванди сиёсӣ баромад намуд.

 

 

 

Сармутахассиси раёсати                    Ширинҷонов Афросиёб Изатуллоевич

коргузорӣ ва назорат

Напечатать страницу Напечатать страницу