Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои асосӣ дар самтҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ба як ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. Чун анъана Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ҳар як бахши ҳаёти ҷомеаро таҳлил намуда, барои беҳтар гардонидан ва рушд додани он самтҳо вазифагузориҳо менамоянд.
Ин навбат низ Сарвари давлат ба масоили муҳиму аввалиндараҷа, аз қабили инкишофи бахшҳои саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, боло бурдани маоши кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодию истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, барои беҳбуд бахшидан ба ин самтҳо вазифагузорӣ карданд.
Ҳамаи он масъалаҳое, ки Сарвари давлат баён доштанд, муҳим буда, таъмини рушди онҳо метавонад сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардорад. Дар ин росто диққати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон нигаронида мешавад ва дар ҳар суҳбатҳояшон таъкид менамоянд, ки ояндаи миллат дар дасти насли ҷавон аст.Ҷавонон ҳамеша пайи омӯхтани илму ҳунарҳои гуногун бошанд, чунки ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи мамлакат ба ҳисоб мераванд. Имрӯз барои илм омӯхтани ҷавонон ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст, онҳоро мебояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, дар ҷавоби ин ҳама ғамҳориҳо барои рушди кишвари хеш саҳми арзанда гузоранд.
Бояд гуфт, ки барои ҷавонон шароити таҳсил дар хориҷи кишвар низ фароҳам оварда шудааст, тавре дар ин бора Сарвари давлат иброз намуданд: “дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”.
Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари мамлакат ҷавонону наврасонро мебояд тамоми кӯшишу талоши хешро дар роҳи андӯхтани илм ба харҷ диҳанд. Хамеша дар қалби хеш ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриҳу фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дошта бошанд.
Тавре Сарвари давлат кайд карданд: “яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони соҳибватанро мебояд дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди шахсияти хеш ва обод гардонидани Ватани азиз саҳмгузор бошанд.
Парвина Раҷабзода,
судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
