Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ аъзоёни Ҳукумат, сарварони мақомоти Олии судӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ, инчунин намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум даъват карда мешаванд.
Дар Паёми Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад ва барои соли дар пешистода ва солҳои минъбада вазифагузорӣ карда мешавад.
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хусусияти барномавӣ дошта, роҳ ва воситаҳои рушду номгўи кишвар, масъалаҳои муҳими самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва сиёсиро дар бар мегирад. Бинобар ин Паёми Президент барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барнома доир ба такмили фаъолияти қонунгузории ў хизмат карда, вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти иҷроия, пеш аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Паёми имсола дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат-Маҷлиси Олӣ баргузор гардид ва дар Паём Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама инъикосгари пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеаи муосир буда, ҳар нуқтаву дастуру пешниҳодоти он ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.
Ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба маыоми олии қонунгузории кишвар, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ роҳҳои ташаккули равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию идеологиро муайян менамояд.
Дар Паёми имсола Сарвари давлат зикр намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷирҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешидем.
Инчунин дар соли 2024 ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд ва дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисодии миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7.7 фоизро ташкил додааст.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 -юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида, дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 400 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароҳат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузурш мебошад.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 – ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур се баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди Паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шудааст. Аз моҳи ибл маошои хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин, роҳбари давлат қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, бонки миллӣ, хадамотҳои алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маӣлаҳгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчичёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад.
Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат, дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ ранонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар малакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида. Дар ин бахш, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардидааст, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад, бояд суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди «энергияи сабз», мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Рушди соҳаи сайёҳиро Ҳукумати малакат самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад.
Шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон соли 2024-ум ба 1 миллиону 400 ҳазор расидааст, ки нисбат ба соли 2019 – ум 12 фоиз афзудааст.
Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. Бо вуҷуди ин,зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди кишоварзӣ сарфарбар карда шавад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳволӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025
-маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад,
-маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипедияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад
-музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
-ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробар ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия, карда шавад.
Ин ҳидояти Пешвои миллат амри заруриву саривақтист, зеро мо, кормандони Суд дар фаъолияти минбаъдаи худ низ, ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олцӯӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро пайгирӣ намуда, дар татбиқи дастуру нишондодҳои Сарвари давлат, ки барои пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, иқдом хоҳем кард.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода С.Р.
Напечатать страницу