“Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият мебошад. Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҳар сол санаи 23 феврал ҷашн гирифта мешавад. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд, ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷрибаю малакаи касби андӯхтааст. Шоистаи зикр аст, ки артиши миллӣ имрӯз яке аз артишҳои устувори минтақа ба шумор меравад. Айни ҳол шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегарданд.
Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд. Яъне, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбӣ рӯзи 23 феврали соли 1993 баргузор гардид ва маҳз ҳамин рӯз санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се марҳаларо паси сар намудааст. Дар даври аввал таъсис ва фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ баҳисоб меравад. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ мебошад, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд, чунки дар ҳар давру замонҳ ҳар як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ пойдор буда наметавонад. Балки он сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъутомҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ, аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд. Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, бо меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозира замони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бигзор Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон ҳамеша қавӣ бошанд, осмони Тоҷикистон софу беғубор монад ва мардуми сарбаланди мо дар сулҳу оромӣ зиндаги кунанд. Ба ҳар як афсар ва сарбози ҷасури Ватан саломатӣ, иродаи қавӣ, мувафақиятҳои беназир ва ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллату давлат, қуввату ғайрат ва ҷасорату матонати нав ба нав таманно дорам.
Мудири бахши кадрҳо ва
корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ Нусратуллоев С.А.
Напечатать страницу