Санаи 30 декабри соли 2024 Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатиро оғоз намуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро таъкид намуданд, ки интизоми меҳнатиро ба таври қатъи риоя намуда, ҳамзамон ба мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус дастур доданд, ки кормандоне, ки бо сабаби бемори дар ҷойи кор ҳузур надоштанд варақаи корношоямии пешниҳод намудаи онҳо ба пуррагӣ санҷида шавад.
Ғайр аз ин, Раиси Суди Олии иқтисодӣ ба сардори раёсати коргузорӣ ва назорат дастур доданд, ки иҷрои ҳар як банди Нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ аз назар гузаронида, то ҷамъбасти ҳисоботӣ таъмин карда шаванд.
Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суди Олии иқтисодӣ қайд карданд, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2024 бинобар ба синни нафақа расидан судяи Суди Олии иқтисодӣ Саид Сӯҳроб аз вазифа бозхонд карда шуд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. муҳтарам Саид Сӯҳробро ба муносибати ба синни нафақа расидан муборакбод ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, ба Саид Сӯҳроб саодати рӯзгор, умри дароз ва хотири ҷамъро таманно намуданд.
Напечатать страницу





