Маҷлиси ҳафтаина

9 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ зери роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. қайд намуданд, ки 5 декабри соли 2024 вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ сурат гирифт, ки дар ин мулоқот Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳокимияти судӣ, нақши мақомоти судӣ дар таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухаронӣ намуда, таъкид карданд, ки зимни қабули шаҳрвандон хушмуомила бошанд, парвандаҳоро дар доираи қонун баррасӣ намуда, санадҳои судиро ба таври оммафаҳм ва сари вақт таҳия карда, иҷрои онҳоро ба пуррагӣ таъмин намоянд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. кормандони судро таъкид намуданд, ки ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки аз вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ, бармеоянд аз ҷониби ҳамаи кормандон ба таври қатъи риоя ва иҷро карда шавад.

Дар давоми маҷлис таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ дар арафаи анҷомёби буда, кормандони судҳои иқтисодӣ барои бо нишондиҳандаҳои хуб ва назаррас ҷамъбаст намудани сол, бояд саъю талоши бештар намоянд.

Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодӣ ба муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу