02 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд диққат дода, таъкид доштанд, ки интизомӣ меҳнатӣ аз ҷонибӣ кормандон ба таври қатъи риоя карда шуда, сари вақт дар ҷойи кор ҳозир шаванд.
Дар рафти маҷлис Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. кормандони судро таъкид намуданд, ки ҳангоми суҳбат бо муроҷиаткунандагон хушмуомила бошанд, аз даст задан ба амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд, шахсони иштироккунандаи мурофиаи судиро сари вақт хабардор намуда, парвандаҳоро дар муҳлати муқаррар намудаи қонун баррасӣ намоянд.
Дар анҷоми маҷлис Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ба муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтори дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Напечатать страницу

