Муовини раис Хайриддинзода Азизбек

5 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2002 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи якум тахассус мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.08.2024 №848 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 2000-2001 Хаткашони Суди шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2007 Котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2010 Судяи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Солҳои 2010-2011 Судяи Суди ноҳияи Носири Хусрав
Солҳои 2011-2015 Судяи Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2017 Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд
Солҳои 2017-2022 Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Аз моҳи июли соли   2022 Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу Напечатать страницу