10 январи соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1998 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Дорои рутбаи судяи дараҷаи якум тахассус мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.08.2022, №418 ба “Ордени Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолият ва собиқаи корӣ:
| Солҳои 1984-1985 | Коргари матбааи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон |
| Солхои 1985-1987 | Хизмати ҳарбӣ |
| Солҳои 1987-1989 | Мудири дафтархонаи Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1989-1990 | Котиби комсомоли Омӯзишгоҳи касбии техники №5-и шаҳри Душанбе |
| Соли 1990 (08.11) | Хаткашони Суди шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1990-1998 | Иҷрочии Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1998-2000 | Адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи марказии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2000 (08.10) | Судяи Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2000- 2007 | Судяи Суди нохияи Синои шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2007-2010 | Муовини Раиси Суди ш. Душанбе. |
| Солҳои 2010-2013 | Раиси Суди ноҳияи И.Сомони ш.Душанбе |
| Солҳои 2013-2017 | Раиси Суди шаҳри Панҷакент |
| Аз майи соли 2017 то имрӯз | Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз соли 2018 | Судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида то ҳол фаъолият менамояд. |
Напечатать страницу