21 ноябри соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2001 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Дорои рутбаи судяи дараҷаи олии тахассус мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2020 №1572 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолият ва собиқаи корӣ:
| Солҳои 1995-1997 | Хизмат дар сафи Қушунҳои сарҳадии қувваҳои мусаллаҳи артиши Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 1997-2000 | Муҳосиби муассисаи давлатии мусофиркашонии ноҳияи Данғара |
| Солҳои 2000-2003 | Ёвари судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Соли 2003 (31.03) то 2003 (11.11) | Мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2003-2004 | Иҷрочии Суди ноҳияи марказии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2004-2010 | Судяи Суди ноҳияи Ёвон |
| Солҳои 2010-2012 | Муовини Раиси Суди ноҳияи Ёвон |
| Солҳои 2012-2013 | Муовини Раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2013-2015 | Раиси Суди ноҳияи Шаҳритус вилояти Хатлон |
| Солҳои 2015-2017 | Раиси Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон |
| Солҳои 2017-2022 | Раиси Суди вилояти Хатлон |
| Аз моҳи июли соли 2022 то инҷониб | Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Напечатать страницу
