Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлатдорӣ ва қудрати сиёсӣ

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ 24 ноябр ҳар сол аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷасумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзувӯ ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хурамӣ ва сарбаландии милату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Тибқи муқарароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатиии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоляти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдоди раҳнамун мезозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои “ватан, парчам, нишон, суруди миллӣ, забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон” касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз боз ҳам фараҳбахшу гуворо, чун мавҷҳои Парчами давлатӣ, ба ҷилва меоянд.

Рамзҳои двлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва эътибори давлати озоди мустақиламон буда, на танҳо барои сокинони кишвар азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсзабонони берунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошанд ва садоқати онҳоро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умедашон меафзоянд. Рамзҳои давлатӣ муқаддас буда, таҳқир кардани онҳо ҷавобгарӣ ва ҷазои ҷиноятиро ба миён меорад. Қонгузор эҳтиром ва эътибори Парчами давлатиро ба инобат гирифта, дар баробари тартиби истифодаи он ҷавобгариро барои таҳқир кардани Парчам ҳамчун ҷиноят эътироф намуда, дар моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз ҷарима бастан то маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, эҳтироми Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб рафта, бояд зеҳну шуури тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро бигирад.

Мо намояндагони ҳокимияти судӣ ифтихор аз он дорем, ки Конистутсия ба мо ҳуқуқ додааст, ки зери Парчами муқаддаси давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асоснок ва одилонаи судӣ қабул намоем. Чунин салоҳият моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ талаботи Кониститутсия, қонунҳоро риоя карда, иҷроиши онҳоро аз ҷониби шарвандон таъмин намоем. Ҳамзамон дар доираи муқарароти қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассиса, корхонаҳоро ҳимоя намуда, адолати судиро тақвият бахшем.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Раҷабзода П.Ш.

 

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу