Ҷаласаи онлайни созмонҳои кишварҳои узви ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ, азнавомодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ” баргузор гардид.

Санаи 31 октябри соли 2024 ҷаласаи онлайни фосилавии созмонҳои кишварҳои узви ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ баргузор гардид.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи судии Россия ташкилоти асосии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ мебошад, ки бо мақсади мусоидат ба рушд ва таҳкими низоми судии кишварҳои ИДМ таъсис дода шудааст.

Дар кори маҷлиси машваратӣ намояндагони Судҳои Олӣ, муассисаҳои таълимии олӣ ва ташкилотҳои илмии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи онлайни суханони ифтитоҳиро Заудалская Лариса Константиновна, мудири шуъбаи ҳуқуқшиносии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Арам Саркисян Грайрович, ҷонишини мудири шуъбаи юридикии комитети иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Серков Петр Павлович, муовини якуми раиси Суди Олии Федератсияи Россия ироа намудаанд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур – дар  толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи болозикр  муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аминзода З.Т. суханрони намуд. Вохӯрӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид.

Напечатать страницу Напечатать страницу