Ҳалнома

 Ҳ А Л Н О М А
АЗ НОМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раисикунанда судя Одиназода Ҷонфидо Халил
Котиби маҷлиси судӣ Файзуллозода Хуршед Турахон
Прокурор Аминзода Мирзо Хайбар
29-уми марти соли 2024, дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Парванда бо аризаи Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нисбат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ, хоҷагии деҳқонии “Х.М.”-и ноҳияи Рўдакӣ, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022-ро бо иштироки намояндагони аризадиҳанда Б.И.И. ва Х.У.Н., намояндагони шахсони манфиатдор Х.Ш.Н., Ҳ.М.Н., С.А., Д.О.Н., Р.Р.А. ва Д.Х.Қ. баррасӣ намуда,

М У А Й Я Н   К А Р Д:

Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд Маркази Ҷумҳуриявӣ) бо аризаи зикршуда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аризаашро бо он асоснок кардааст, ки аз 30 октябри соли 2023 Директори Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. ҳангоми дар маҳал дидан намудан аз рафти кишти тирамоҳӣ дар заминҳои Маркази Ҷумҳуриявӣ муайян кардааст, ки дар 2 га замини корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ гандум кишт карда шудааст. Б.И.И. ҳамчун шахси масъул ҳолати мазкурро санҷидааст. Дар натиҷа, шаҳрванд А.С.О. даъво кардааст, ки ин заминро барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ расман ҳуҷҷатгузорӣ кардааст ва нусхаи ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кардааст. Шаҳрванд А.С.О. ба талаби директори Маркази Ҷумҳуриявӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳуҷҷатҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, қайд кардааст, ки ба кадом мақомоте, ки мехоҳад, муроҷиат кунад. Ҳамин тариқ, Директори Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. аз 30 октябри соли 2023 огоҳ шудааст, ки 2 га замини корами обии Маркази Ҷумҳуриявӣ бе розигии онҳо ғайриқонунӣ бегона карда шудааст.

Инчунин, муайян карда шудааст, ки сокини шаҳри Ҳисор А.С.О. аз 15 декабри соли 2021 бо ариза ба раиси ноҳияи Рўдакӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ба ў 2 га замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” вобаста карда шавад. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ заминистифодабарандаи асосиро муайян накарда, аз 4 феврали соли 2022 таҳти №164 парвандаи заминсозии шаҳрванд А.С.О.-ро тартиб дода, барои баррасӣ ба раиси ноҳияи Рўдакӣ пешниҳод кардааст. Бо қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ба шаҳрванд А.С.О. қитъаи замини корами обии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” дар масоҳати 2га, аз тарҳи №234қ бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста карда шудааст.

Ҳамин тариқ, бо қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 2га замини корами обии Маркази Ҷумҳуриявӣ ғайриқонунӣ ба шаҳрванд А.С.О. вобаста карда шудааст.

Мувофиқи сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №0123841 аз 10 апрели соли 2006 таҳти №3231 ва харитаи заминистифодабарии Маркази Ҷумҳуриявӣ 2га замини корами обӣ аз тарҳи 234қ, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад.

Қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 ғайриқонунӣ мебошанд, зеро Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ маводҳои заминсозиро ҳамчун заминҳои хоҷагии деҳқонии “Х.М.” таҳия намуда, ба раиси ноҳияи Рўдакӣ пешниҳод кардааст, вале дар асл 2га замини тарҳи 234қ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ ғайриқонунӣ, бе гирифтани розигии заминистифодабарандаи асосӣ Маркази Ҷумҳуриявӣ ба раиси ноҳияи Рўдакӣ барои қабули қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №164 пешниҳод ирсол кардааст.

Ба ғайр аз ин, Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ ба инобат нагирифтааст, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 қарори марҳилаи шикоятии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2005 бекор карда шуда, эътибори қонунии ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 эътироф карда шудааст. Дар қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 қайд карда шудааст, ки хоҷагии давлатии “К.”-и ноҳияи Рўдакӣ дар асоси фармони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 1982 ба хоҷагии таҷрибавии “К”-и ноҳияи Рўдакӣ табдил дода шудааст. Баъдан дар асоси қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 1991 таҳти №294 Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мувофиқи замимаи дуюми қарори мазкур, хоҷагии таҷрибавии “К”-и ноҳияи Рўдакӣ бо тамоми молу мулк ва заминҳои ба ў вобасташуда ба тобеияти бевоситаи Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузаштааст. Бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 даъво дар бораи беэътибор донистани қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ аз 20 декабри соли 2003 таҳти №177 дуруст ва асоснок рад карда шудааст, зеро хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ва дигарон дар заминҳои хоҷагии таҷрибавии “К”-и ноҳияи Рўдакӣ ташкил карда шудаанд ва аз сабаби статуси илмӣ-тадқиқотӣ доштанашон ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мумкин нест. Дар чунин категория заминҳо танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ мумкин аст.

Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 эътибори қонунӣ дорад, вале Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ ҳангоми ирсоли пешниҳод аз 4 феврали соли 2022 таҳти №164 ба раиси ноҳияи Рўдакӣ ҳолати мазкурро ба инобат нагирифтааст. Масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ дар ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозӣ дидаю дониста, ки қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 3 июли соли 1998 таҳти №620 бекор карда шуда, қитъаи замини баҳсӣ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, дар ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозӣ, бо мақсадҳои ғаразнок хоҷагии деҳқонии “ХМ.”-ро заминистифодабарандаи якумдараҷа нишон дода, ғайриқонунӣ барои қабули қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ замина гузоштаанд.

Раиси ноҳияи Рўдакӣ бошад бо қабули қарор аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 қитъаи замини баҳсии ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ, бе гирифтани розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа Маркази Ҷумҳуриявӣ бегона кардааст.

Бо асосҳои зикршуда аз суд хоҳиш кардааст, ки қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О., воқеъ дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ” ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 беэътибор дониста шаванд.

Намояндагони аризадиҳанда Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. ва Х.У.Н. дар маҷлиси судӣ аризаи Маркази Ҷумҳуриявиро бо зикри асосҳои дар он овардашуда дастгирӣ намуда, аз суд қонеъ кардани онро хоҳиш карданд.

Намояндагони шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ Х.Ш.Н. ва Ҳ.М.Н., Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ С.А., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ Р.Р.А. ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Д.Х.Қ. дар маҷлиси судӣ аризаи Маркази Ҷумҳуриявиро эътироф карда, аз суд дар доираи талаботи қонун баррасӣ кардани баҳсро хоҳиш карданд.

Намояндаи шахси манфиатдор хоҷагии деҳқонии “Х.М.” Д.О.Н. дар маҷлиси судӣ аризаи Маркази Ҷумҳуриявиро эътироф накарда, аз суд рад кардани аризаро бинобар беасос буданаш ва гузаронидани муҳлати пешниҳоди даъво ба суд хоҳиш кард.

Прокурор Аминзода М.Х. дар маҷлиси судӣ аризаи Маркази Ҷумҳуриявиро асоснок ҳисобида, аз суд қонеъ кардани онро хоҳиш кард.

Маводи парвандаро омўхта, баёноти тарафҳо ва хулосаи прокурорро шунида, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, суди иқтисодӣ ба чунин хулоса омад.

Суди иқтисодӣ муайян кард, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 эътибори қонунии ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 аз рўи парвандаи №2-137/04 ва №А-31 бо даъвои хоҷагиҳои деҳқонии “Х.М.” ва дигарони ноҳияи Рўдакӣ нисбат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ дар бо-раи беэътибор донистани қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ аз 20 декабри соли 2003 таҳти №177 “Оид ба баррасии пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар хоҷагии таҷрибавии “К”-и Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон”, қабулшуда эътироф карда шудааст.

Бо ҳалномаи эътибори қонунии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 муқаррар карда шудааст, ки масоҳати 2 га қитъаи замини корами обии баҳсӣ, аз тарҳи №234қ-уми заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ ба заминҳои Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (собиқ хоҷагии таҷрибавии “К”-и Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон”) тааллуқ дорад, вале бо қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 3 июли соли 1998 таҳти №620 “Оид ба ҷудо намудани замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Х.М.” бе гирифтани розигии Маркази Ҷумҳуриявӣ ғайриқонунӣ ба шаҳрванд Х.М.А барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Х.М.”-и ноҳияи Рўдакӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст. Дар асоси қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 3 июли соли 1998 таҳти №620 хоҷагии деҳқонии “Х.М.” бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №014689 қайди №2126 таъмин карда шудааст, вале бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ аз 20 декабри соли 2003 таҳти №177 қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 3 июли соли 1998 таҳти №620 “Оид ба ҷудо намудани замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Х.М.” бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шудааст. Хоҷагиҳои деҳқонии “Х.М.” ва дигарон қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ аз 20 декабри соли 2003 таҳти №177-ро мавриди баҳс қарор дода, дар бораи беэътибор донистани он бо аризаи даъвогӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 даъвои хоҷагиҳои деҳқонии “Х.М.” ва дигарон дар бораи беэътибор донистани қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўдакӣ аз 20 декабри соли 2003 таҳти №177 бинобар беасос буданаш рад карда шудааст.

Тибқи қисми 2 моддаи 68 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдокардаи суди иқтисодӣ аз рўи парвандаи қаблан баррасӣ гардида, муқаррар шудаанд, ҳангоми аз ҷониби суди иқтисодӣ баррасӣ кардани парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешаванд.

Тавре қайд гардид, бо ҳалномаи эътибори қонунии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 муқаррар карда шудааст, ки масоҳати 2 га қитъаи замини корами обии баҳсӣ, аз тарҳи №234қ-уми заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ ба заминҳои Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дошта, ба хоҷагии деҳқонии “Х.М.” тааллуқ надорад.

Илова бар ин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 таҳти №515 дар хусуси ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар масоҳати 758,01 га, аз он ҷумла 173,46 га корами обӣ, 464,79 га чарогоҳ, 32,18 га зери обу роҳ, 37,84 га ниҳолҳои бисёрсола ва 49,74 га ғайрикишоварзӣ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №0123841 аз 10 апрели соли 2006 таҳти №3231 дода шудааст, ки қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га қисми аз ҳамин заминҳои Маркази Ҷумҳуриявӣ мебошад. Яъне, ҳуқуқи бемуҳлати истифодаи замини қитъаи замини баҳсиро дар масоҳати 2 га доро будани Маркази Ҷумҳуриявӣ тибқи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А №0123841 аз 10 апрели соли 2006 таҳти №3231 тасдиқ карда мешавад.

Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 таҳти №515 “Дар бораи таъсис додани Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво” дар заминаи озмоишгоҳи биотехнология ва хоҷагии таҷрибавии “К”-и Институти илмию тадқиқотии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Рўдакӣ таъсис дода шуда, дар асоси шаҳодатнома дар бораи азнавбақайдгирии давлатӣ таҳти №001-1730”А” аз 21 апрели соли 2009, ки аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуда, то ҳол фаъолият дорад.

Раиси ноҳияи Рўдакӣ бошад ҳолати зикршударо сарфи назар намуда, бо қабули қарор аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О., воқеъ дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ” қитъаи замини корами обии баҳсиро дар масоҳати 2 га, аз тарҳи №234қ-ум, аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ, ҳамчун замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.”-и ноҳияи Рўдакӣ ба шаҳрванд А.С.О. бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста кардааст. Дар асоси қарори мазкур дар хусуси азнавбақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” аз тарафи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ шаҳо-датнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 дода шудааст.

Мувофиқи маълумотномаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ оид ба ҳиссаи замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” дар рўйхати аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Х.М.” А.С.О, А.Н.А. ва А.Б.Т, Ҷамъ се нафар ба қайд гирифта шуда, масоҳати саҳми замини ҳар як аъзо 0,67 га замини корами обиро ташкил медиҳад.

Маркази ҷумҳуриявӣ қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022-ро мавриди баҳс қарор дода, аз суд беэътибор донистанашонро хоҳиш кардааст.

Тибқи қисми 1 моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Тибқи қисми 1 моддаи 64 ва қисми 5 моддаи 190 Кодекси мазкур ҳар шахси иштироккунандаи парванда бояд ҳолатҳоеро исбот намояд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ба он такя менамояд. Уҳдадории исботи ҳолатҳое, ки асоси аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор қабул кардани санад, қарор, содир кардани амале (беамалие), ки мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба зиммаи мақомот ва шахси мансабдори дахлдор гузошта мешавад. Уҳдадории исбот намудани мутобиқати санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии баҳсшаванда ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунияти қарорҳои қабулкардаи баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта, мавҷуд будани ваколати дахлдор доштани мақомот ва ё шахсе, ки ваколати дахлдор барои қабули санад, қарори баҳснок ва содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро дорад, инчунин ҳолатҳое, ки асос барои қабул кардани санад, қарори баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта гардидаанд, ба зиммаи мақомот ва шахсе, ки онро қабул кардааст, вогузошта мешавад.

Суди иқтисодӣ бо мақсади ҳалли дурусти пайдарҳамии таҳқиқи талаботҳои аризаи пешниҳодшуда талаботи ариза дар қисми беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283-ро муҳокима намуда, ба чунин хулоса омад.

Дар маҷлиси сайёри судӣ муайян карда шуд, ки ҳангоми вобаста кардани қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га ба шаҳрванд А.С.О. муқаррароти як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дағалона вайрон карда шудааст. Чунончӣ, ҳангоми қабули қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ва вобаста кардани қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га ба беэътиноӣ роҳ дода шуда, муайян карда шудааст, ки қитъаи замини баҳсӣ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, вале бе гирифтани розигии заминистифодарабандаи якумдараҷа, яъне Маркази Ҷумҳуриявӣ қитъаи замини баҳсӣ ба шаҳрванд А.С.О. вобаста карда шудааст.

Аз мазмуни қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 бармеояд, ки қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О. вобаста карда шудааст, вале дар асл қитъаи замини баҳсӣ ба хоҷагии деҳқонии “Х.М.” тааллуқ надорад. Қитъаи замини баҳсӣ ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, вале дар ин маврид ҳуҷҷати муҳим, яъне розигии хаттии заминистифодарабандаи якумдараҷа – Маркази Ҷум-ҳуриявӣ дар хусуси ба шаҳрванд А.С.О. вобаста кардани қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2 га гирифта нашудааст.

Ҳолатҳои зикршуда дар маҷмўъ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар сурати ба Маркази Ҷумҳуриявӣ тааллуқ доштани қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2 га ва аъзои хоҷагии деҳқонии “Х.М.” набудани шаҳрванд А.С.О. раиси ноҳияи Рўдакӣ ҳуқуқ ва салоҳияти бо қабули қарор ба шаҳрванд А.С.О. аз нав ҷудо кардан ё вобаста кардани қитъаи замини баҳсиро дар масоҳати 2 га надоштааст. Раиси ноҳияи Рўдакӣ бошад ҳолати зикршударо сарфи назар намуда, бо қабули қарор аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 қитъаи замини корами обии баҳсиро дар масоҳати 2 га, аз тарҳи №234қ-ум, аз ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ, ҳамчун замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О. бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста кардааст.

Таҳлили далелҳо нишон дод, ки ҳангоми қабули қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 меъёри моддаи 27 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашудааст, ки тибқи он зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ў мегузарад, вобаста карда мешавад.

Такя ба меъёри ҳуқуқии зикршуда бояд қайд кард, ки бо қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га ба шаҳрванд А.С.О. аз нав ҷудо карда нашуда, ҳамчун замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста карда шудааст, вале асоси қонунӣ ва ҳуҷҷатҳо, ки ҳолати ба шаҳрванд А.С.О. гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини баҳсиро дар масоҳати 2га тасдиқ мекунад, мавҷуд нест.

Аз меъёри моддаи 27 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳангоми вобаста кардани қитъаи замин қарори раиси ноҳия қабул карда нашуда, танҳо қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ў мегузарад, вобаста карда мешавад.

Ваҷҳҳои намояндаи шахси манфиатдор хоҷагии деҳқонии “Х.М.” Д.О.Н. дар хусуси он, ки бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Х.М.” аз 21 августи соли 2020 таҳти №1 шаҳрванд А.С.О. ба аъзогии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” қабул карда шудааст, бинобар ин, бо қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2га ба шаҳрванд А.С.О. аз нав ҷудо карда нашуда, ҳамчун замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ вобаста карда шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуданд, вале тасдиқи худро наёфтанд.

Чунончӣ, аз қарори маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Х.М.” аз 21 августи соли 2020 таҳти №1 бармеояд, ки шаҳрванд А.С.О. ба аъзогии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” қабул карда нашуда, шаҳрвандон А.Н.А. ва А.Б.Т. ба аъзогии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” қабул карда шудаанд.

Инчунин, аз ҷониби тарафҳо, аз ҷумла намояндаи шахси манфиатдор Д.О.Н. дигар далелу ҳуҷҷатҳое, ки ҳолати аъзои хоҷагии деҳқонии “Х.М.” будани шаҳрванд А.С.О.-ро тасдиқ мекунанд, пешниҳод карда нашудааст.

Ҳолати зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки намояндаи шахси манфиатдор Д.О.Н. ҳолатҳоеро, ки ҳамчун асоси норозигии худ ба он такя кардааст ва тибқи қисми 1 моддаи 64 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ў гузошта шудааст, исбот карда натавонист.

Суди иқтисодӣ ваҷҳҳо ва аризаи намояндаи шахси манфиатдор хоҷагии деҳқонии “Х.М.” Д.О.Н. оид ба татбиқи муҳлати даъворо муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки беасос мебошанд, зеро ҳангоми пешниҳоди ваҶҳҳо ва ариза меъёри моддаи 217 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст. Тибқи қисми 2 моддаи 217 Кодекси мазкур ҷараёни муҳлати даъво аз рўзе, ки шахс аз вайрон гардидани ҳуқуқаш ё дар бораи кӣ будани ҷавобгари муносиб вобаста ба даъвои ҳимояи ин ҳуқуқ огоҳ гардидааст ё мебоист огоҳӣ ёбад, оғоз мегардад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар маҷлиси сайёри судӣ бо шунидани баёноти тарафҳо ва таҳлили далелҳо муайян карда шуд, ки Директори Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. санаи 30 октябри соли 2023 ҳангоми дар маҳал дидан намудан аз рафти кишти тирамоҳӣ дар заминҳои Маркази Ҷумҳуриявӣ муайян кардааст, ки дар 2 га замини корами обӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ гандум кишт карда шудааст. Бинобар ин, Директори Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. ҳамчун шахси масъул ҳолати мазкурро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар натиҷа, шаҳрванд А.С.О. норозигӣ баён намуда, қайд кардааст, ки қитъаи замини баҳсӣ дар масоҳати 2 га ба ў тааллуқ дорад ва барои исботи ҳолати мазкур нусхаи қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022-ро пешниҳод кардааст. Баъд аз шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои баҳсӣ Директори Маркази Ҷумҳуриявӣ Б.И.И. аз 29 январи соли 2024 бо ариза ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Ҳолати зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷараёни муҳлати муроҷиати Маркази Ҷумҳуриявӣ аз рўзе, ки аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳ гардидааст, яъне аз 30 октябри соли 2023 оғоз гардида, сари вақт, аз 29 январи соли 2024 бо ариза ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Бинобар ин, муҳлати умумии даъво, ки тибқи моддаи 214 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол аст ва муҳлати муроҷиат ба суди иқтисодӣ, ки тибқи қисми 3 моддаи 188 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон се моҳ пешбинӣ карда шудааст, аз Ҷониби Маркази Ҷумҳуриявӣ гузаронида нашудааст.

Бо асосҳои зикршуда суди иқтисодӣ ба хулоса омад, ки ваҷҳҳо ва аризаи намояндаи шахси манфиатдор хоҷагии деҳқонии “Х.М.” Д.О.Н. оид ба татбиқи муҳлати даъворо бинобар беасос буданашон рад намояд.

Тибқи моддаи 12 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигарро, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёриеро, ки ба қонунгузорӣ мувофиқ нестанд ва ҳуқуқҳои маданию манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқиро вайрон мекунанд, беэътибор эътироф намояд.

Ҳамаи ҳолатҳо ва далелҳои овардашуда дар маҷмўъ аз он шаҳодат медиҳанд, ки қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ҳамчун санади ғайримеъёрии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи Маркази Ҷумҳуриявиро халалдор месозад.

Бо асосҳои зикршуда суди иқтисодӣ ба хулоса омад, ки бо қонеъ кардани аризаи Маркази Ҷумҳуриявӣ, қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О., воқеъ дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ”-ро беэътибор донад.

Тибқи моддаи 15 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” амалӣ карда мешавад.

Тибқи сархати дуюми моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул пешбинӣ шудаанд, асос шуда метавонанд.

Суди иқтисодӣ муайян кард, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 дар хусуси азнавбақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонии “Х.М.” аз тарафи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 дода шудааст. Қаблан суди иқтисодӣ дар хусуси беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 ба хулоса омад. Аз ин лиҳоз, азбаски қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 аз ҷониби суд беэътибор ҳисобида шуд, оқибатҳои ҳуқуқии баъди эътибор пайдо кардани он бавуҷудомада низ беэътибор ҳисобида мешаванд. Яъне, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 аз лаҳзаи дода шуданаш беэътибор мебошад ва боиси оқибати ҳуқуқӣ намегардад. Бинобар ин, суди иқтисодӣ беэътибор донистани ҳуҷҷати мазкурро асоснок меҳисобад.

Аз ин лиҳоз, суди иқтисодӣ оид ба қонеъ кардани талаботи ариза дар қисми беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022 ба хулоса омад.

Суди иқтисодӣ бо риояи қисми 1 моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рўёнидани боҷи давлатиро ҳал кард.

Бо дастрасии моддаҳои 165-169, 173, 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ,-

Ҳ А Л   К А Р Д:

Аризаи Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон қонеъ карда шавад.

Қарори раиси ноҳияи Рўдакӣ аз 10 феврали соли 2022 таҳти №283 “Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “Х.М.” ба шаҳрванд А.С.О., воқеъ дар деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ” беэътибор дониста шавад.

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии дараҷаи №0380823 таҳти №22522 аз 30 марти соли 2022, ки аз тарафи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ дар хусуси ба қайди давлатӣ гирифтани хоҷагии деҳқонии “Х.М.”-и ноҳияи Рўдакӣ дода шудааст, беэътибор дониста шавад.

Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Рўдакӣ, хоҷагии деҳқонии “Х.М.”-и ноҳияи Рўдакӣ ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рўдакӣ бо тариқи муштарак ба фоидаи Маркази Ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 1440 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шавад.

Аз болои ҳалнома дар муҳлати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Раисикунанда,
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Одиназода Ҷ.Х.

Напечатать страницу Напечатать страницу