Маҷлиси ҳафтаина

23 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд диққат дода, таъкид доштанд, ки интизомӣ меҳнатӣ аз ҷонибӣ кормандон ба таври қатъи риоя карда шуда,сари вақт дар ҷойи кор ҳозир шаванд.

Ҳамзамон раисикунанда судяҳо ва кормандони судро таъкид намуданд, ки аз вақт ва маҳалли мурофиаи суди шахсони иштироккунандаи парвандаро сари вақт огоҳ намоянд, инчунин нусхаи санадҳои судиро дар муҳлати муайян намудаи Кодекси мурофиаи иқтисодӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда ирсол намоянд.

Дар охир раисикунанда ба сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо доир ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ таъкид намуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу