Забон омили асосии рушди комили миллат !

Забон неъмати бебаҳои зиндагӣ аҳли башар мебошад. Инсон фақат таввасути забон метавонад фикру андешаҳои  худро  баён кунад.  Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Ин осори ҷовидонро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад. Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон сайъу талош намоем, мақоми забони  давлатиро  кӯшиш намоем, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа ва давлат баланд бардорем. Бо ин мақсад, бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон     5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.  Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ – дар шароити дигаргуниҳои бузургӣ сиёсиву иқтисодӣ ба иҷтимову  фарҳангӣ ба танзим даровард. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароунаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карданд, ки таърихи тамаддунни башари тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод яке аз  миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус ҳазорон  таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудааст. Ба мисли осори Рӯдакӣ Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Балхиву, Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафаре, ки ҳануз чанд аср пеш навишта буданд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Бо ин забон садҳо бузургони мо дар сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба оянда мерос гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлонаи ин забони шоирона талош варзанд.  Тӯли садсолаҳо, баъди пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд. Бо шарофати забони шево ва гӯёи мо, бо он илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳангу ҷаҳоншумул эҷод гардидаст, халқи тоҷик аз байн нарафт, баръакс дар фарҳанги халқи мо қавмҳои ҳоким  омезиш ёфта лавзи шаккаринии дариро барои худ забони модарӣ интихоб намуданд. Забони ҳар як миллат ёдгори азизест, ки решаи он  аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии  баъдина мегардад.  “Забон неъмати бебаҳои зиндагӣ аҳли башар мебошад.” Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.”

Мутахассиси шуъбаи муҳосибот ва                      Гурдофарид. М

таъминоти моддию техникии судҳо

Напечатать страницу Напечатать страницу