Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аз мафҳумҳо, ақидаҳо, ғояҳо, назарияҳое иборат аст, ки нақш ва нуфузи баланди арзишии ҳуқуқро дар ҳаёти инсон, ҷомеа ва давлат эътироф менамояд. Аҳамият ва нуфузи арзишии ҳуқуқ дар ҳолати ба инобат гирифтани талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, ҳуқуқҳои табиӣ ва дахлнопазирии инсон, риояи қонуни ҳуқуқӣ ва таъмини қонунияти ҳуқуқӣ имконпазир мегарданд.
Маърифати ҳуқуқӣ воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад, ки он дар навбати худ рафтори ҳуқуқии дилхоҳ фардро муайян менамояд. Фарҳанги ҳуқуқии ҳар миллат таърихан дар заминаи сатҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ба вуҷуд омада, як навъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад ва он дар эҷод, интиқол, ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ инъикос мегардад. Татбиқи фарҳанги ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа амалишавии принсипҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар давлат таъмин менамояд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад.
Қонун ва ахлоқ дар доираи фарҳанги ахлоқию ҳуқуқӣ бо ҳам иртибот дошта, ба соҳаи озодӣ, ки асоси рушди маънавии шахс ва тамоми ҷомеа мебошад, таъсири танзимкунанда расонида, иҷтимоишавии комили ҳуқуқӣ шарти зарурӣ ва муайянкунандаи рафтори фаъолонаи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа эътироф карда мешавад. Ҳадафи маърифати ҳуқуқӣ аз он иборат аст, ки иҷтимоишавии пурраи хуқуқии шахсро таъмин намояд. Қонун ва ахлоқ барои иҷтимоишавии фард заминаҳои заруриро барои идомаи ҳаёти пурсаодат ба вуҷуд меоранд. Маҳз иҷтимоишавии комили ҳуқуқӣ шарти зарурӣ ва муайянкунандаи рафтори фаъолонаи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа мебошад.
Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва сайқал додани донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст.
Аз ин рӯ, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шуда, босуръат гузаштан ба марҳилаи ободкорӣ ва созандагӣ, мақоми устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.
Ёрдамчии Судяи Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирова Нодира
Напечатать страницу