Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

30 августи соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовинони раис, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии ВМКБ, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима карор доданд.

Инчунин тибқи нақша машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиҳо мувофиқи нақшаи мазкур доир ба мавзӯҳои зерин баромад намуда: 1) Амнияти иттилооти дар замони муосир; 2) Субъектҳои ҳуқуқӣ маданӣ (шахсонӣ воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ); 3) Шарҳи муҳтавои ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилаллии амал “Об барои рушди устувор”(солҳои 2018-2028), сипас дар доираи ин мавзӯъҳо саволу ҷавобҳо сурат гирифт ва маърузачиҳо доир ба саволҳои додашуда ҷавобҳои муфасал доданд.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мебошад ва тибқи Нақшаи тасдиқгардида охири ҳар моҳ бо ҷалби раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе семинарҳои илмию амалӣ баргузор карда мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу