Ҳалнома

Ҳ а л н о м а
аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ш.Душанбе
19 июни соли 2024

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-судя Саид  С.,бо котибии Тоҳирзода З. дар маҷлиси ошкорои судӣ аризаи даъвогии ҶСП “ПШ” бо ҷавобгарии филиали ҶСК “ШТБ”(собиқ “ААА”), шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш., Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш., Нозироти андози ноҳияи Ш., Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани монеагӣ ва баргардонидани зеристгоҳи барқии “ББ”-35/10 кв. ба тавозуни ҷамъият,бо иштироки тарафҳо баррасӣ намуда,

М у а й я н      к а р д :

ҶСП “ПШ” бо аризаи даъвогӣ дар боло зикршуда ба суд муроҷиат намуда,онро асоснок намуд,ки ҷамъият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳоми” ва қарори маҷлиси умумии саҳмдорон аз 09-уми ноябри соли 2018 таъсис дода шудааст.

Сарчашмаи пайдоиши дороиҳои ҷамъият аз шартномаи хариду фурӯши таҳти №55/8 аз 8-уми ноябри соли 2002, ки байни Биржаи Ҷумҳуриявии амволи ғайриманқул ва саҳҳомони ҶСП “Фабрикаи ПШ” ба имзо расонида шудааст ба миён омадааст. Аз он ҷумла зеристгоҳи “ББ”-35/10 собиқ зеристгоҳи 35/10 ЧПФ, ки аз хоҷагии ташкил ёфта мондааст, тибқи ҳамин шартнома моликияти ғайриманқули ҶСП “Фабрикаи ПШ” ба ҳисоб мерафт.

Инчунин бо қарори таҳти №0000 аз 18-уми декабри соли 2008 оид ба қонунигардонии молу мулки комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк зеристгоҳи мазкур моликияти ғайриманқули ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Новобаста аз ин, ки зеристгоҳи “ББ”-35/10 дар тавозуни ҶСП “ПШ” ба қайд гирифта шуда ва замини зеристгоҳ мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодабарии замин ба ҷамъият вобаста карда шуда,то соли 2009 дар ин зеристгоҳ барқчиёни ҷамъият навбатдори менамудаанд,роҳбарияти Шабақаҳои барқии марқазии ноҳияи Ш. бесабабҳои номаълум аз соли 2009 навбатдориро дар зеристгоҳ Шабақаи барқ ташкил намуданд ва барқчиёни ҷамъиятро аз он ҷо ронданд.

Айни ҳол зеристгоҳи “ББ” 35/10  ҳамчун моликияти Шабақаҳои тақсимоти барқи маркази истифода намуда истодааст. Аз тарафи Шабақаи барқ то инҷониб барои дар тавозунаш қабул намудани зеристгоҳ ҳуҷҷатҳои ғайри қонунӣ,аз ҷумла сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба даст оварда шуд.

Тибқи қарори раиси ноҳияи Ш. таҳти №856 аз 26-уми октябри соли 2018 “Дар бораи азнав вобаста намудани қитъаи замини зери майдон ва иморату иншоотҳо ба ҶСП “ПШ” ва санади комиссия аз 22 октябри соли 2018 қитъаи замини зери зеристгоҳи “ББ”-35/10 ба ҶСП “ПШ” вобаста карда шуда, моликияти ин ҷамъият мебошад.

Бо асосҳои зикршуда ва талаботи моддаи 279 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд хоҳиш намуд,ки монеагии истифодабарии зеристгоҳи “ББ”-35/10 кв. аз тарафи Шабақаи тақсимоти барқи марказӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бартараф карда шуда,зеристгоҳи “ББ”-35/10 кв. аз тавозуни Шабақаи тақсимоти барқи марказӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба тавозуни ҶСП “ПШ” баргардонида шавад.

Дар маҷлиси судӣ директори ҶСП “ПШ” В.В. ва шахси вакалатдор Б.Ш.Б. аризаи даъвогиро дастгири намуда, бо асосҳои дар он овардашуда аз суд хоҳиш кардаанд,ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шавад.

Намояндагонӣ ваколатдорӣ ҷавобгар У.Х.Х., Х.С.Ҷ. ва Ф.Н. аризаи даъвогиро эътироф накарда,нисбати он изҳори назар пешниҳод намуда,бо сабаби беасос будани ваҷҳҳои аризаи даъвогӣ ва гузаронидани муҳлати даъво,аз суд хоҳиш намудаан,ки аризаи даъвогӣ рад карда шавад.

Раиси Кумитаи идораи замин ноҳия Ш.Ш.Ш. ва намояндаи ваколатдори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш. К.М.К. ба суд доир ба баҳси мазкур маълумотнома пешниҳод намуда,қайд кардаанд,ки бо қарори раиси ноҳияи Ш аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189 масоҳати 0,18 гектар қитъаи замини зеристгоҳи барқи “ББ”-35/10 кв. ба Шабақаҳои барқии марказӣ вобаста карда шуда,Шабақаҳои барқи ба ин қитъаи замин соҳиби Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз соли 2008 мебошад.

Аммо мувофиқи харитаи заминистифодабарии заминҳои Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Т., ки бо қарори Ҳуқуқмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017 таҳти №554 “Дар бораи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори замини хоҷагиҳои марзи ҳудуди ноҳияи Ш. ба ҳолати 1 январи соли 2016” тасдиқ шудааст,қитъаи замини баҳси дар тархи 54 ҷойгир буда,масоҳати он 0,15 гектарро ташкил менамояд,ки мувофиқи ҳисоботи мазкур ҳамчун заминҳои ҶСП “ПШ” ба қайд гирифта шуд. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856 қитъаи замини баҳси ба ҶСП “ПШ” аз нав вобаста карда шуда, бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 16.11.2018 №00000 таъмин шудааст.

Бо назардошти ҳолатҳое мазкур дар баёнотҳои худ тасдиқ намудаанд,ки қитъаи замини баҳси бе назардошти қарори раиси ноҳияи Ш. аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189, ки эътибори қонунӣ дорад, азнав бо қарори раиси ин ноҳия аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856 ба ҶСП “Паррандапарварии Ш.” вобаста шудааст.

Намояндаи ваколатдори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.М. ба суд баён намуд, ки дар ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ мавҷудбуда муайян гардид,ки ҳангоми таъсис додани ҶСП “ПШ” дар рӯйхати воситаҳои асосии пешниҳодгардидаи ин ҷамъият зеристгоҳи барқии “ББ”-35/10 нишон дода нашудааст.

Ҳамзамон, мутобиқи сархати сеюми замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 таҳти №388 “Дар бораи объектҳои, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд” (айни замон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 таҳти №705) иншооти электроэнергетиқӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд.Маълум мегардад,ки ягон қарори мазкур доир ба хусусигардонии зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. қабул карда нашудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 таҳти №527 (замима 1)  ҶСП “Паррандапарварии Ш” бо дар назардошти таҷҳизот ва таъмири асосӣ воқеъ дар ноҳияи Ш.,шаҳраки Турсунзода, кӯчаи К.Хуҷандӣ ба молу мулки давлатӣ гузаштааст.

Инчунин,тибқи маълумотномаи пешниҳодгардидаи ҶСП “Шабақаҳои тақсимоти барқ” зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. дар тавозуни ҷамъияти мазкур ба қайд гирифта шудааст.

Бо ин ва дигар асосҳо аз суд хоҳиш кард, ки аризаи даъвогӣ ҳамчун беасос рад карда шавад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш. ва намояндаи Нозироти андози ин ноҳияи ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудаанд, ва суд лозим донист парвандаро дар ғоибии онҳо баррасӣ намояд.

Суд баёноти тарафҳоро шунида,маводҳои парвандаро санҷида,ба ваҷҳҳои тарафҳо баҳои ҳуқуқӣ дода,ба чунин хулоса омад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад,ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба,пурра,беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Мувофиқи моддаи 7 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соҳаи танзими муносибатҳо вобаста базамин дар ҳудуди маъмуриашон додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзи салоҳият доранд.

Дар маҷлиси судӣ муайян гардид,ки бо қарори раиси ноҳияи Ш. аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189 “Дар бораи вобаста намудани қитъаҳои замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқии ноҳия ба Шабақаҳои барқии марқазӣ” пешниҳодҳои раисони мақомоти заминсозии ноҳия,деҳоти С., шаҳраки О., шаҳраки Ш., мактуби сардори Шабакаҳои барқии марказӣ аз 31.07.2006 №1072 “Дар бораи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқӣ” ба инобат гирифта,санади комиссияи аз 11.08.2006 “Оид ба вобаста намудани қитъаҳои замини зери майдон ва иморату иншоотҳои зеристгоҳҳои барқии ноҳия ба Шабақаҳои барқии марқазӣ” тасдиқ карда,ба Шабақаҳои барқии марказӣ қитъаи замин ба масоҳати 0,83 га.- аз он 0,51 га зери сохтмон,0,32 га зери майдон, барои истифодаи бемӯҳлат вобаста карда дода шуд.

Муайян гардид,ки зеристгоҳи барқии “ББ”-35/10  кв. дар қитъаи №2 дар қисми ғарбии маркази шаҳраки О. ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 0,18 га.-аз он 0,10 га зери сохтмон,0,08га зери майдонро ташкил намуда, ин қитъаи замин ба Шабақаҳои барқии марказӣ бо қарори зикршуда вобаста гардид.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Ш аз 12 октябр соли 2006 таҳти №189 ба Шабақаҳои барқии марказӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №000000 аз 20.08.2008 сол барои истифодаи бемуҳлат қитъаи замин ба масоҳати 0,18 га аз тарафи Агентии заминсозӣ,геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда,таҳти №2222 ба қайд гирифта шуд.

Аз маводҳои ба суд пешниҳод шуда,баёнотҳои тарафҳо,инчунин дар мурофиаи сайёрӣ маълум гардид,ки дар ноҳияи Ш. зеристгоҳи барқи “ББ”35/10 кв. барои бо барқ таъмин намудани муштариён фаъолият мебарад. Зеристгоҳи барқии мазкур зиёда аз 3000 (се ҳазор) муштарии маишӣ,тиҷоратӣ ва мактабу боғчаҳои давлатиро, аҳолии ноҳияи Ш. ва аҳолии шаҳри Т.-ро бо барқ таъмин менамояд.

Фаъолияти ин зеристгоҳи барқиро кормандони филиали ҶСК “Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,яъне кормандони ҷавобгар бо гирифтани маоши корӣ таъмин менамоян.Инчунин даъвогар ҶСП “ПШ” низ аз ин зеристгоҳ бо барқ таъмин мегардад,ва чашмаки алоҳида дорад,ки аз тарафи ҷавобгар дар асоси санади нуксонҳо таъмир ва бо масолеҳ ва таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мегардад.

Аз хуҷҷатҳои муҳосибӣ маълум мегардад, ки ин зеристгоҳи барқи дар тавозуни филиали ҶСК “Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 01 феврали соли 1991 таҳти рақами инвентарии №0000000 қарор дошта, ба маблағи 1 064 935 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.Аз солҳои 2013 то инҷониб дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда як қаттор молу маводҳо ба маблағи 455 299,21 сомонӣ аз тарафи ҷавобгар хароҷот гардидааст.

Доир ба ваҷҳи даъвогар,ки ҳангоми харидори намудани саҳмияҳои  ҶСП “Фабрикаи ПШ” соли 2002 зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв., ҳамчун моликияти ғайриманқул ба соҳибияти ҶСП “ПШ” гузашт, суд чунин хулосаронӣ намуд.

Аз баёноти намояндаи ваколатдорӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Д.М.Д. маълум мегардад, ки дар ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ мавҷуд буда муайян гардид,ки ҳангоми таъси додани ҷамъияти мазкур дар рӯйхати воситаҳои асосии пешниҳодгардидаи ҶСП “ПШ” зеристгоҳи барқии 35/10 кв. нишон дода нашудааст.Инчунин,мутобиқи сархати сеюми замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 таҳти №388 “Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд” иншооти элекроэнергетикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешавад.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти талаботи ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум мегардад,ки хусусӣ гардонии зеристгоҳи баҳси-“ББ” 35/10 кв. танҳо бо иҷозат ва  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд буд амали гардад.

Дар маҷлиси судӣ муқаррар гардид,ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат ва қарор доир ба хусусӣ гардонии ин зеристгоҳи барқи дода ва қабул карда нашудааст.

Дар асоси барномаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таҷдиди ШСХК “Барқи Тоҷик”, Шабақаҳои барқи марқазӣ ба ду ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуда, ҳамаи зеристгоҳҳои барқии 35/10-6 кв.,хатҳои барқии 35 кв.,шабақаҳои барқии 20-10-6 кв.,шабақаҳои барқии 0,4 кв. ва таҷҳизотҳои барқии 15 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури ба тавозуни Филиали “Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои ин филиал гузаронида шуд.

Чи тавре дар боло қайд гардид, аз соли 1991 зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. дар тавозуни ҷавобгар қарор дошт, ва бо назардошти ҳолатҳое дар боло оварда шуда ҳусусӣ гардонида нашудааст.

Маҳз бо ин асос,бо қарори раиси ноҳияи Ш. аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189 қитъаи замини зеристгоҳи барқии “ББ”35/10 кв. бо масоҳати 0,18 га ба ҷавобгар барои истифодаи бемуҳлат вобаста шудааст.

Суд қайд менамояд,ки ин қитъаи замин на ҷудо,балқи дуруст ба истифодабаранда, ки дар тавозунӣ он зеристгоҳи барқӣ қарор дорад, тибқи талаботи моддаи 27 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуд.

Инчунин муайян гардид, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо бақарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 таҳти №527 (замимаи 1) ҶСП “ПШ” бо дар назардошти таҷҳизот ва таъмири асосӣ воқеъ дар ноҳияи Ш.,шаҳраки Турсунзода,кӯчаи К.Хуҷандӣ ба молу мулки давлатӣ гузаштааст.

Инчунин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таҳти №330 “Дар бораи масъалаҳои ҶСК Шабақаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабақаҳои тақсимоти барқ” 100% бастаи саҳмияҳои ҶСК “Шабақаҳои тақсимоти барқ” ба давлат тааллуқ дорад.

Намояндагони даъвогар дар маҷлиси судӣ бо назардошти ҳолатҳое муайян гашта,тасдиқ намудаанд,ки вобаста ба зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. андозҳои мукарраршударо пардохт намекунанд.

Аз ин лиҳоз,суди иқтисодӣ ба хулоса омад, ки ваҷҳи мазкур асоси қонунӣ надорад.

Дар ҳуҷҷатҳои аз тарафи даъвогар пешниҳодшуда,аз ҷумла қарори қонунӣгардонӣ, ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ,дақиқ дида намешавад,ки зеристгоҳи барқи дар тавозуни ҷамъият қарор дошт, ва ҷамъият онро ҳамчун соҳибмулк аз рӯи мақсад истифода бурда, барои таъмини фаолияти зеристгоҳ маблағҳои зарури сарф намудааст.

Баракс,аз тарафи ҷавобгар ҳуҷҷатҳои қайдшуда ба суд пешниҳод гардида, суд муайян намуд,ки ин зеристгоҳи барқи дар тавозуни онҳо буда,бо харчи маблағҳои зиёд аз тарафи кормандони ҷавобгар,ки бо маоши кори таъмин мебошанд, зери   истифода қарор дошта,ҷавобгар барои фаъолияти ин зеристгоҳ  масъул аст.

Тибқи талаботи моддаи 64 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахси иштироккунандаи парванда бояд ҳолатҳоеро исбот намояд,ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ба он такя менамояд.

Аз ин лиҳоз талаби даъвогар оид ба бартараф кардани монеагӣ аз тарафи ҷавобгар дар истифодабарии зеристгоҳи барқӣ “ББ” 35/10 кв. ва баргардонидани ин зеристгоҳ аз тавозуни ҷавобгар ба тавозуни даъвогар суд бо асосҳои дар боло овардашуда беасос меҳисобад.

Ваҷҳи дигаре даъвогар,ки дар асоси Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А№021112 ,ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Ш аз 29.12.1997 таҳти №265 ва аз 27.04.1999 таҳти №96 дода шуд,ба ҶСП “Парандапарвари Ш “ 1002 га қитъаи замин,ва сипас бо қарори дигар аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856 қитъаи замин ба масоҳати умуми 125,40 га аз нав вобаста карда шуд,ва қитъаи замини зеристгоҳи барқии баҳси дар ҳудуди ин қитъаҳои замин ҷойгир шудааст, ва аз ин лиҳоз  даъвои пешниҳод шуда ба суд бояд қаноат карда шавад, суд низ бе асос меҳисобад.

Зеро муқаррар гардид,ки бо ин қарорҳо танҳо ҳудудҳо, сарҳадҳо ва масоҳати умумии  қитъаҳои замин ба даъвогар вобаста шуда бо назардошти харидории саҳмияҳо ва пас раванди таҷдиди ин ҷамъият, муайян карда шуд.

Инчунин,қобили зикр аст,ки қарори раиси ноҳияи Ш аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856 бе назардошти қарори раиси ноҳияи Ш аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189 қабул карда шуда,ва ба ин қарори қабл қабул шуда мухолифат мекунад.Зеро бо қарори №189 қитъаи замини зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. ба масоҳати 0,18 га. аз ҳудуди заминҳои даъвогар гирифта,ба ҷавобгар вобаста шуд,ва ҷавобгар бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардид.Ин қарор эътибори қонунӣ дорад.

Тибқи талаботи моддаи 27-и зикршуда,ҳангоми аз шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино(иншоот,иморат) ҳуқуқи истифодаи қисмати қитъаи замин,ки ин бино дар он қарор дорад,ҳамчунин қисми ҳамшафати он қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино зарур аст, ба шахси ин биноро харида бемузд мегузарад.

Яъне муайян гардид, ки даъвогар ба зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. пас аз харидори намудани саҳмияҳо соҳибият пайдо накард, ва ин иншоот дар тавозуни ҷавобгар боки монда,ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барои хизматрасонии ин иншоот  низ ба ҷавобгар боки монд. Ин ҳуқуқ ,чи тавре дар боло қайд гардид, бо қарори раиси ноҳия аз 12 октябри соли 2006 таҳти №189 ва Серфикати ҳуқуқи истифодаи замин асоснок шудааст.

Дар аризаи даъвогӣ ва маҷлиси судӣ намояндаҳои даъвогар тасдиқ намудаанд,ки аз соли 2009 ҷавобгар  зеристгоҳи барқии “ББ”35/10 кв. пурра зери назорати худ гирифта, кормандони даъвогарро аз ин иншоот берун намуд.

Аз ин лиҳоз муайян гардид,ки даъвогар аз соли 2009 оид ба поймол шудани ҳуқуқҳои худ нисбат ба истифодабарии ин иншоот хабардор буда,доир ба ҳифз ва барқарор кардани ин ҳуқуқҳо чораҳои қонунӣ бе сабабҳои узрнок наандешид.

Тибқи талаботи моддаи 213 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати даъво муҳлате мебошад,ки дар давоми он даъвои шахс ҳуқуқҳои вайронгардидааш ҳимоя мегардад. Тибқи моддаи 214 ҳамин Кодекс муҳлати умумии даъво се сол аст.

Тибқи талаботи моддаи 216 бошад,гузаштани муҳлати даъво,ки тарафи баҳс доир ба татбиқи он арз кардааст, асос барои аз ҷониби суд баровардани санади судӣ дар хусуси рад намудани даъво мебошад.

Дар изҳори назари ҷавобгар ба аризаи даъвогӣ аз суд хоҳиш карда шуд,ки даъвои даъвогар ҳамчун беасос ва бо сабаби гузашти муҳлати даъво рад карда шавад.

Дар маҷлиси суди муайян гардид,ки даъвогар танҳо соли 2024,яъне пас аз 15 сол ба суд бо аризаи даъвогӣ оид ба бартараф намудани монеагӣ дар истифодабарии зеристгоҳи барқӣ, яъне бо гузаронидани муҳлати пешниҳоди даъво ба суд муроҷиат намуд.

Бояд қайд кард, ки пас аз қабули қарори раиси ноҳияи Ш аз 26 октябри соли 2018 таҳти №856, ки бо он қитъаи заминҳои ҶСП”ПШ” аз нав ба ӯ вобаста шуд,даъвогар низ бо гузаронидани муҳлати даъво, яъне пас аз шаш сол  ба суд  бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд, яъне низ бо гузашти муҳлати даъво.

Ҳолатҳое мазкур шаҳодате он аст, ки аризаи даъвогии даъвогар на танҳо бо сабаби беасос буданаШ., ҳамчунин бо сабаби гузаронидани муҳлати даъво бояд рад карда шавад.

Ҳангоми рад намудани аризаи даъвогӣ, суд инчунин ба назар мегирад,ки қонеъ намудани аризаи даъвогӣ бехатарии аҳолии ноҳияи Ш., шаҳри Т., дигар муштариёнро дар самти таъмини онҳо бо кувваи барқ зери хатар мемонад,ки ин ҳолат набояд ба вуҷуд ояд.

Инчунин суд ба инобат мегирад,ки яке аз асоси муроҷиати даъвогар бо аризаи даъвогӣ ба суд,ин қарздории даъвогар дар назди ҷавобгар аз ҳисоби пардохти маблағи истифодаи барқ мебошад,аммо ҳолати мазкур асос барои қонеъ намудани даъвои даъвогар шуда наметавонад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, суди иқтисодӣ ба ҳулоса омад,ки аризаи даъвогии ҶСП “ПШ” оид ба бартараф намудани монеагӣ аз тарафи ҷавобгар дар истифодабарии зеристгоҳи барқӣ “ББ”35/10 кв. ва баргардонидани он аз тавозуни ҷавобгар ба тавозуни даъвогар бо сабаби беасос ва гузашти муҳлати даъво рад карда шавад.

Бо сабаби рад шудани аризаи даъвогӣ боҷи давлатии супоридашуда ба зимаи даъвогар вогузор шавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дастрасии моддаҳои 165-169,172,174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,суд-

Ҳ а л    к а р д :

Аризаи даъвогии ҶСП “ПШ” бо ҷавобгарии Филиали “Шабақаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ”(собиқ “ААА”), шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш., Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш., Нозироти андози ноҳияи Ш., Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани монеагӣ дар истифодабарии  зеристгоҳи барқии “ББ” 35/10 кв. ва баргардонидани он ба тавозуни ҶСП “ПШ” бо сабаби беасос ва гузаронидани муҳлати даъво-рад карда шавад.

Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Раисикунанда –
Судя                                                                            Саид С.

Напечатать страницу Напечатать страницу