Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ваҳдат

24-уми июли соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иқҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. ва ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ Шарифзода Х.А. бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мубрам аз қабили: эълон гардидани соли 2024 ҳамчун  “Соли маърифати ҳуқуқӣ”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу