Мизи мудаввар дар мазӯи “Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳал”

27 сентябр дар толори конфронси меҳмонхонаи “Серена”-и ш. Душанбе Мизи мудаввар дар мавзӯи “Медиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: актуализатсияи мавзуъ ва роҳҳои ҳал” баргузор гардид.

Ташкилкунандагони чорабинӣ Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) ва палати савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) мебошад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҶТ, Суди олии ҶТ, Суди олии иқтисодии ҶТ, маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд, ки  Суди олии иқтисодии ҶТ-ро роҳбари дастгоҳи Суди олии иқтисодии ҶТ намояндаги намуданд.

Мақсади баргузории Мизи мудаввар – мусоидат дар кушоиши мавзуи медиатсияи тиҷоратӣ ва актуалӣ гардонидани он барои Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинӣ муаррифии “Ҳисобот оид ба таҳлили эҳтиёҷот ва роҳҳои самараноки ташаккули механизми медиатсия дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) таҳия гардидааст, дар назар дошта шудааст.

Мизи мудаввар ба иштирокчиён имконияти нодири шиносоӣ бо бартарияти медиатсияи тиҷорати дар ҷаҳон, таърихи рушд ва дастовардҳо дар ин самт ва инчунин актуализатсияи мавзӯи медиатсия ва муҳокимаи ташаккул ва рушди механизми медиатсияро дар Тоҷикистон фароҳам меорад.

Ҷоригардии медиатсияи тиҷоратӣ ҳмчун ҷараёни ҳаракаткунандаи сохторӣ ва интерактивӣ, ки дар он тарафи сеюм беғараз ва тарафҳои баҳскунанда ёрии худро дар ҳалли масъалаи ҳалталабашон тавассути гуфтушунидҳо метавонад ҷиддан сарбории судяҳоро кам карда шумораи ҳалли мусбии муноқишаҳо ва самаранокии баамалбарории адолати судиро баланд бардорад. Медиатсия ҳамчун муносибати муосири инсондӯстона ба ҳалли баҳсҳо имкон медиҳад, ки ҷараёни танзими муноқишаҳоро тезонад ва муносибати байни тарафҳоро нигоҳ дорад ва ҳатто беҳтар созад. Дар баробари ин барои рушди ин расмиёти ҳуқуқӣ баъзе мушкилотҳо ҷой дошта метавонад. Мисоли ин – сатҳи пасти иттилоотнокии шаҳрвандон, паст будани талабот ба медиатсия бо сабаби нокифоя будани боварӣ ба он шуда метавонад.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу