Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 04 марти соли 2005 №АП-1677, санаи 01 августи соли 2024 соати 11:00 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 баргузор мегардад.
Бинобар ин, ташрифи намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, интизорем.
Напечатать страницу