Машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

26 июли соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур роҳбарият, муовинони раис, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Тибқи нақшаи гузоронидани машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2024, баромадкунандагон дар мавзӯҳои зерин баромад намуданд: 1) Салоҳияти раисони шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо ва вобаста кардани қитъаи замин: вазъи имрӯза, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо; 2) Гарави молу мулки ғайриманқул: шартномаи гарав, шакл, бақайдгирии он, асосҳои қатъ гардидани гарав ва тартиби ҳалли судии рӯёнидани молу мулки ба гаравгузошташуда.

Инчунин тибқи нақша машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиҳо мувофиқи нақшаи мазкур баромад намуда, дар доираи ин мавзӯъҳо саволу ҷавобҳо сурат гирифт ва маърузачиҳо доир ба саволҳои додашуда ҷавобҳои муфасал доданд.

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мебошад ва тибқи Нақшаи тасдиқгардида охири ҳар моҳ бо ҷалби раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе семинарҳои илмию амалӣ баргузор карда мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу