Маърифати ҳуқуқӣ, яъне шаҳрвандони огоҳу қонунпараст

Тавре мардуми шарифи кишвар огоҳӣ доранд, дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023-юм ироа гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад.

Саволе бегуфтугӯ пайдо мешавад, ки маърифати ҳуқуқӣ чист? Чаро Пешвои миллат зарур донистанд, ки ба моҳияти ин мафҳум ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвардон авлавият дода, имсолро расман “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намоянд?

Фаромӯш набояд кард, ки мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки яке аз шартҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум аст. Ин нуқтаро роҳбарияти олии мамлакат амиқан дарк намуда, 30 сол қабл, вақти қабули Ҳуҷҷати асосии давлат, дар моддаи 1, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маънии муҳимро ҷо доданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Таи ин муддат дар ҳаёти рӯзмарраи мардуми Тоҷикистон тағйироти куллӣ пеш омад ва Пешвои миллат ба хотири арҷгузории муқаддасот, беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон ба мавзӯи маърифати ҳуқуқӣ аз нав рӯ оварданд.  Зеро яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандист. Барои ин бошад, пеш аз ҳама доштани маърифати волои ҳуқуқӣ шарти асосист. Ба таври дигар, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти шахсро инъикос намуда, кафили ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолияти шаҳрвандии он мегардад.

Яъне гуфтан мумкин аст, ки эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маҷмуи масъалаҳои хеле муҳим ва саривақтиро фаро гирифта, интизор меравад, ки вобаста ба масоили мазкур иқдомоти муассир роҳандозӣ шавад. Махсусан дар дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон ва дигарон.

Пешниҳодҳое ҳам буд, ки омӯзиши амиқи ҳуқуқ ва қонун аз мактабҳо оғоз шуда, барои чун шахсияти огоҳ тарбия ёфтани шаҳрвандон мусоидат намояд. Зеро маҳз аз ин давра қобилияти дарку фаҳмиши инсон оғоз мешавад.

Дуруст аст, ки то ин замон ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат барои ташкил намудани як ҷомеаи қонунмеҳвар ва адолатпеша ҳама талошҳоро анҷом додааст. Бори дигар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон рӯ овардан ба ин мавзуъ ба он маъност, ки вазъияти мавҷуда Президенти маҳбубро қонеъ намегардонад. Инро ҳам фаромӯш намекунем, ки Сарвари давлат ҳанӯз аз замони таҳия ва қабул гардидани Бахтномаи миллат – Конститутсияи мамлакат, ба хулосае омадаанд, ки бе иштироки фаъоли шаҳрвандон, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон надорад.

Яъне иқдоми эълоннамудаи Ҷаноби Олиро бояд чунин фаҳмид, ки ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат бо фаъолмандии худ барои пешрафти бештари Тоҷикистони азиз  саҳмгузор буда метавонад. Ҳамчунин огоҳии мардум,  хоса ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ боис ба зиракии сиёсии онҳо гашта, дар натиҷа амнияти кишвар қавӣ мегардад, гурӯҳҳои тундраву ифротӣ онҳоро истифода бурда наметавонанд. Пас огоҳии бештари ҳуқуқӣ тадбири бениҳоят муҳими пешгирӣ аз ҳар фоҷиа маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо аз ҷазо додани одамон иборат нест. Бурдани корҳои ташвиқотӣ, дар зеҳни мардум ҷо кардани авлавияти қонун ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» идомаи ҳамин ташвишҳои Сарвари давлат аст, то сафи қонуншиканҳо камтар гардад. Ин маънои онро дорад, ки Пешвои муаззами миллат ба тақдири ягон шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто онҳое, ки бо ин ё он сабаб қонуншиканӣ мекунанд, бетараф буда наметавонанд.

Дар ин робита Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои худро тасдиқ карда, аллакай тибқи онҳо амал мекунанд. Аз ҷумла танҳо дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби судяҳои Суди Олии иқтисодӣ 73 мурофиаи сайёри судӣ баргузор шуда, судяҳо 47 баромад дар радио, 33 суханронӣ дар шабакаҳои телевизионӣ, 28 мақола дар нашрияҳо ва 49 мақола дар сомонаи худи Суди Олии иқтисодӣ таҳия ва нашру пахш кардаанд. Ҳамчунин, барои боз ҳам бештар шудани аудитория дар коллективҳои меҳнатӣ 218 вохӯриву сӯҳбатҳоро кормандони Суди Олии иқтисодӣ анҷом дода, ба саволҳои зиёди одамон посух доданд.

Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳо ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, 48 таъиноти хусусӣ бароварда шудааст.

Мо корҳои анҷомдодаи худро кофӣ намеҳисобем. Ҳамон тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ишора карда буданд, “ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тартиби ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст”.

Мо бовар дорем дар ин замина дастовардҳои бештар пайдо мешаванд. Аз ҷумла мо як пешниҳоди мушаххас дорем, ки мутмаинем аз ҷониби шахсони масъул сарфи назар намегардад. Дар Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ, ки ба 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст (ш. Душанбе, “Эрграф 2012”) истилоҳи “шуури ҳуқуқӣ” шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Аммо дар хусуси истилоҳ ва ифодаҳои “маърифати ҳуқуқӣ”, вазифа, шакл, таркиби он тавзеҳ вуҷуд надорад.

Ба назари мо, бисёр хуб мешуд, дар соли “Маърифати ҳуқуқӣ” олимони муҳтарами ҳуқуқшинос ба ин мавзӯъ баргашта, фарқи шуури ҳуқуқиро аз маърифати ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва гуруҳҳо, вазифаҳои маърифати ҳуқуқиро маънидод мекарданд.

Дар маҷмӯъ, мо бовар дорем, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт.

 

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қутбиддин Муминзода

 

Напечатать страницу Напечатать страницу