Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20 июни соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2023, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 28 ноябри соли 2022 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2023, эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 апрели соли 2022, пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2021 ва шикояти назоратии Директори генералии ҶСК Ширкати “Помир Энерҷӣ” нисбати ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 июли соли 2023 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу