ФЕМИДА – РАМЗИ АДОЛАТ, БАРОБАРӢ ВА ҚОНУНИЯТ

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем фалсафаи Юнони қадим дар қатори дастовардҳои бузурги илмӣ дар соҳаҳои гуногун дар шинохти ҳуқуқи инсон хизмати бесобиқа кардааст. Умуман дар ин кишвари бостонӣ мутафаккирон ва файласуфони бузург умр ба сар бурдаанд, ки дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи инсон суханҳои пурарзиш баён намудаанд. Метавон, файласуфони зеринро ба монанди Афлотун (солҳои 427-347 то милод), Арасту (солҳои 384-322 то милод), Эпикур (солҳои 341-270) номбар намоем, ки аввалин шуда, дар олам инсонро ҳамчун офаранда ва пешбарандаи таърих шинохта, барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои он суханҳои пурарзиш гуфта, ёдгор мондаанд. Дар баробари ин, дар ин кишвари бостонӣ хонуми адолати судӣ ҳамчун татбиқкунандаи доди ҳақиқат Фемида мавҷуд буд.

Дар  мақолаи мазкур чанд маълумот оид ба Фемида ҳамчун рамзи адолат, баробарӣ ва қонуният гирд оварда шудааст.

Мувофиқи сарчашмаҳои Юнони Қадим пайдоиш ва ба вуҷудоӣ Фемидаро ба давраи таърихии мифологӣ шабоҳат медиҳанд, зеро ки тибқи он олиҳаи Фемида-духтари Уран (Худои осмон) ва Гея (Олиҳаи Замин) буда, аз рӯи тартиби хронологӣ ҳамсари дуюми Зевс ба шумор меравад. Юнониёни қадим хонум  Фемидаро ҳамчун посбони тартибот, принсипҳои ахлоқӣ ва тамоми тартиботи ҷамъиятӣ эҳтиром мекарданд. Яъне, вай дар Юнони Қадим қонун ва тартиботи ҳуқуқиро ба уҳда  дошт, чунки вай адолат, ростқавлӣ ва беғаразиро ифода мекард.

Вақте, ки сухан дар бораи қонун ё адолат меравад, мо дарҳол ботантана, зане бо либоси мантия пӯшида, дар дасти чапаш тарозу, дар дасти рост-шамшери дудама дошта ва зане чашмонаш бо тасма баста шударо тасаввур мекунем. Агар мо бо маҳфуми васеъ фаҳмидани бошем ва ба афсонаҳои Юнони қадим, назар афканем пас мо мефаҳмем, ки хонум Фемида, ҳамсари қонунии дуюми Зевс пас аз олиҳаи хирад Митис мебошад. Фарзандони олиҳаи Фемида ва Зевс (Худои осмон ва раъду барқ), Эвномия (Олиҳаи Қонуният), Дике (олиҳаи адлу адолат), Эйрена (олиҳаи созиш) буданд.

Ба хусус бо шарофати олиҳаи Фемида чӣ дар байни одамони оддии рӯи замин ва чӣ дар байни худоёни Олимп тартиботи ҳуқуқӣ ва оромӣ  нигоҳ дошта мешуд. Ҳангоми зарурат олиҳаи Фемида ҳамаро љамъ намуда, дар ҷашну ташкилиҳои бозиҳои варзишии Олимпӣ раисӣ мекард. Зиёда аз ин олиҳаи Фемида зани зебо, хирадманд ва адолатпарвари замони худ ба шумор рафта, дар ҷашну ташкили бозиҳои варзишии Олимпӣ ва ҳалли баҳсҳо, доимо дар тарафи рости Зевс нишаста, бо иљозати Зевс ғолибони бозиҳоро муайян мекард, дар дигар мавридҳо гунаҳкорӣ ё бегуноҳии шахсонро ошкор карда адолатро ба амал мебаровард. Бештари ҳолатҳо санадҳои қабулнамудаи Зевсро байни мардум эълон карда ба мардум сухани Зевсро мерасонд. Зевс адолатро танҳо дар ҳузури духтараш Дике (хонуми адлу адолат) ва Фемида таъмин мекард. Фемида ҳеҷ гоҳ бар зидди Зевс исён намекард ва ба Зевс маслиҳати хуб медод, аз ҳамин рӯ вай ҳамеша дар тарафи рости ҳокими олимпӣ меистод.

Фемида дар баррасии парвандаҳо ва муайянкунии ғолибони бозиҳои варзишӣ боадолатона рафтор намуда, байни мардум тафриқаро намеписандид. Дар ин кори худ Фемида либоси махсус ба бар намуда, дар дасташ воситаҳои муайянкунандаи ҳақиқат ва ростиро мавриди истифода қарор медод.

Таърихнигорон ба он ақидаанд, ки ин ҳама хусусиятҳои хуби ӯ сабаб гаштааст, ки номи Фемида дар тамоми ҷаҳон ҳамчун зани хирадманду адолатпеша то имрӯз арзи ҳастӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар мардуми он замон дар як муддати кӯтоҳ Фемидаро ҳамчун худои адолат эътироф карда, ҳама гуна баробарии одамон ва инсондӯстию адолатпарвариро танҳо дар симои Фемида медиданд.

Яъне Фемида таърихи кӯҳан дошта, шаклу амалҳои ӯ аз давраи қадим то кунун ҳамчун рамзи адолат ва муайянкунандаи баробарӣ дар ҷомеа истифода мегардад. Аслан доир ба мавҷудият ва симо то ба ҳанӯз расидаи  Фемида байни олимон  фикри ягона мављуд набуда, аксарият ба он андешаанд,  ки ҷои пайдоишу фаъолияти Фемида Юнони қадим буда, дар ин сарзамин  ба  як рамзи умумиҷаҳонии адолат табдил ёфтааст.

Ҳамин буд, ки мардум Фемидаро ҳамчун идеал қабул намуда кору пайкори ӯро ҳамчун рамз дар зиндагиашон истифода менамоянд. Махсусан расм ва пайкаращои Фемидаро таърихшиносон ба намудҳои гуногун пайдо ва шаклбандӣ намуда, имрӯзҳо қариб дар ҳама мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ҷаҳон ҳамчун рамзи муайянкунандаи баробарӣ ва адолатнокӣ истифода мегардад. Махсусан агар ба фаъолияти имрӯзаи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намоем, дар он ба назар мерасад, ки  судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо либоси махсус, ки мантия ном дорад, ба бар мекунанд. Ин либос на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки қариб дар тамоми ҷаҳон низ дар фаъолияти судяҳо дида мешавад. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар намоем зиёда аз 50-60 намуди мантия (либоси махсуи корӣ) ба чашм мерасад. Таърихнигорон сарчашмаи пайдоиши нахустини мантияро аз Фемида  меҳисобанд, зеро ки  хонум Фемида ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, ҳалли баҳсҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон либоси махсус – мантия мепӯшидааст. Инчунин, Фемида ҳамчун қувваи некӣ муаррифӣ шуда, ҳамагуна қонуншиканӣ ва  беадолатиҳоро маҳкум кардааст.

Боиси тазаккур аст, ки ҳар як воситаи дар даст доштаи Фемида  хусусияти ба худ хос дошта, ҳамчун рамз шинохта шудаанд. Чунончӣ:

Тарозу– рамзи қадимаи ченак ва адолат мебошад, ки бо он бадӣ ва некӣ, гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ, кирдори зиддиҳуқуқӣ ва ҳуқуқии одамон баркашида мешавад. Яъне аз рӯи он кирдори шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ муайян шуда, исбот карда мешавад, ки ҳуқуқвайронкунанда то кадом андоза гунаҳкор аст. Ин рамзи қадимтарини адлу адолат буда, он дар дасти чапи Фемида қарор дорад, зеро дар юнониҳо тарафи чап, қисми дарккунанда (ҳискунанда)-и бадан дониста мешуд.

Шамшер-рамзи ҷазодиҳанда буда, нишон медиҳад, ки ҳар  кӣ ҷиноят содир кунад  бо он ҷазо мегирад. Баъзе аз муҳаққиқон дар расм шамшери дар дасти рости Фемидаро ба боло бардошташуда тасвир  мекунанд. Ин маънои онро доштааст, ки мардум бубинанд ва ҳам донанд, ки воситаи ҷазодиҳӣ ҳамеша омодааст ва аз он ҳарос намоянд. Нӯги шамшер ба боло бардошта шудааст, ки ин рамзи ҳукми кайҳонӣ (осмонӣ) буда, маънои адолати олӣ ва омодаи доимии татбиқи он ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати он ки ду тарафи шамшер тез карда шудааст,  маънои онро дорад, ки қонун на танҳо айбдор мекунад, балки ҳимоя низ менамояд. Фемида шамшерро дар дасти росташ медорад, чунки дасти рост нишонаи қувва ва кори ҳақ ҳисоб меравад.

Чашми бастаи Фемида-рамзи беғаразӣ ва ё холисии Фемида ( ё судя) буда, нишон медиҳад, ки судя бояд дар ҳалли баҳс байни тарафҳо фарқиятгузорӣ накарда, ба тарафҳо холисона назар карда, баробариро байни шаҳрвандон нигоҳ дорад. Тасмае, ки бо он чашмони Фемида баста шудаанд-рамзи беғаразӣ мебошад, ки ин нуқта амали беғараз ва боадолатона иҷро намудани ҳукмро ифода месозад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ  барои ҳамин ҳам суд новобаста аз шахсият, ҳолатҳои иҷтимоӣ, дороӣ, нодорӣ, мансабдорию бе мансабӣ ва ғайра, танҳо ба ҳақиқат ва далелҳо такя мекунад ва тарафҳои мурофиаро мешунавад.  Чунин таҷриба маънои онро дорад, ки адолати судӣ набояд байни одамон фарқиятро ба миён биёрад, барои ҳамин ҳам чашмони пӯшидаи  Фемида  ба таври  бағаразона ҳақиқатро инъикос  кардан мебошад.

Ҳамзамон, дар санади қонунгузории соҳавии замони соҳибистиқлол низ чунин ҳолатҳо ба назар мерасад, ки суд бо далелҳо аз рӯи эътимоди ботинии худ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, объективона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Ин меъёри ҳуқуқӣ, дар воқеъ тақвиятдиҳандаи андешаҳои дар боло ифодаёфта буда ҳамзамон меъёри уҳдадоркунанда аст. Зеро қонунгузор ва дар симои он ҷомеа умедвор аст, ки олами ботинии судяҳо (ба сифати суд) бояд покизатар бошад, аз поктарин мавзеи диданӣ болотар бошад, аз баландтарин мақоми дарёфтанӣ ва бениёзтарин бошад. Яъне фақат дар сурати доштани чунин одам-судяи ботинӣ, қарори аз тарафи ӯ қабулшуда низ татбиқкунандаи меъёрҳои қонун ва ҷавобгӯи мақсадҳои қонунзор ё ҷомеа мешавад.

Муҳаққиқон ва ҳуқуқшиносони Рим ба рамзҳои Фемида шаклгузорӣ намуда, вобаста ба замони худ ва назари қонун боз дигар рамзҳоро ҳамроҳ кардаанд. Чунончӣ, мор ва китоби дар зери пои рости Фемида қарордошта.

Доир ба моҳияти мор ва китоби зери пои Фемида қарордошта ҳам байни муҳақиқон фикри ягона мављуд нест. Яке мегӯяд мор ва китоб рамзи хирадмандӣ ва босаводии Фемида ва ё судя мебошад. Дигаре қайд мекунад, ки мор-ин қувваи зулмот буда, судя метавонад он ҳамаро бо қонун фишурда нобуд созад. Китобро бошад ҳамчун рамзи маҷмӯи қонунҳо нишон медиҳад.

Бо ин ҳама рамзҳо муҳақиқон Фемидаро ягона зане медонанд, ки аввалин бор тавонистааст, ки баҳри устувории адолат дар байни одамон ва нест гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо саҳми босазо гузошта, адолат, ростқавлӣ ва беғаразиро ифода кард аст.  Ҳарчанд, ки ӯ зани афсонавӣ ҳам бошад, рамзҳои ба ӯ гузошташуда ба ҷомеаи ҳамадавраи одамӣ хос буда, барои баробарии одамон ва пойдории адолат таъсири мусбӣ дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 5  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки бузургтарин арзиш мебошад. Яъне шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии мардуми мо ҷойи сазоворро гирифта, дар низоми ҳуқуқии имрузаи мо ҳамчун арзиши Олӣ арзёби шудааст.

Таваҷҷуҳ ба рушди соҳа пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунсолорӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад. Зиёда аз ин дар низоми ҳуқуқии кишвари мо нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти судӣ сол ба сол таҳким меёбад.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузарондани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Дар шароити муосир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти адолати судӣ тартиби махсус пешниҳод менамояд. Чунончӣ дар моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки адолати судиро судҳо ба амал мебароранд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, ҷиноятӣ,  маъмурӣ, иқтисодӣ ва дигар парвандаҳо судяҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд. Суд дар ҳама ҳолат вазифадор аст, ки манфиатҳои қонунро ҷонибдорӣ намуда, онро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя кунад. Яке аз ҳусусиятҳои адолати судӣ дар он мебошад, ки ҳукм, ҳалнома, таъйинотҳои суд аз номи давлат бароварда мешавад. Ва ин хосият водор менамояд, ки ҳамаи шахсоне, ки ҳукм ва таъиноти суд ба онҳо равона карда шудааст, бечунучаро талаботи онро иҷро намоянд. Дар ҳолати ихтиёран иҷро накардани онҳо маҷбуран аз ҷониби давлат иҷро карда мешавад. Санади суд қонунӣ ва асоснок бояд бошад. Дар ҳолати чавобгӯй набудани ҳукм, ҳалнома, таъйинот ба қонун санади судӣ  бекор ё тағйир дода мешавад. Мақсади адолати судӣ на танҳо додани ҷазо ва чораҳои маљбуркунӣ мебошад, балки дар таъмин намудани таъсири тарбиявии он низ ифода меёбад. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар он равона месозанд, ки қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро ба роҳ монанд.

Ҳамин тариқ, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва адолати судӣ дар тамоми даври таърихи инсонӣ мақоми аввалиндараҷаро дорад.

Новобаста аз он, ки Фемида дар шароити таърихи бостонӣ арзи ҳастӣ намуда бошад ҳам, афкори созандаи инсониву ҳуқуқии вай дар шароити кунунӣ низ дар масири таърихи имрӯз мақоми хоса дорад.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикичстон Мирзозода Рустам Пираҳмад

Напечатать страницу Напечатать страницу