Пешвои миллат – омили муҳиму нодири сулҳу ваҳдати Тоҷикистон

Ҳодисаҳое, ки ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни дунё рух медиҳанд, махсусан ҷангу хунрезиҳо дар Украина, Шарқи Миёна ва Афғонистони ҳамсояи мо, бори дигар исбот мекунанд, ки тоҷикон 27 сол пеш – 27 июни соли 1997, ба чӣ кори муҳим ва нодире муваффақ гардидаанд. Воқеан, дар дунё ҷангу хунрезиҳое кам нестанд, ки ҳатто то ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон идома доштанд ва ҳоло ҳам тамом нашудаанд. Дур наравем ҳамин Афғонистонро мисол биёрем, аз рӯи камтарин ҳисоб 45 сол аст, ки дар он кишвар оромӣ нест. Зеро ҳамчуноне, ки кадом як сабабу баҳонаҳо сабабгори ҷанг мегарданд, бояд барои сулҳу оромиш ҳам омили муҳиме пайдо гардад.

Тоҷикистон чунин як омили нодирро дар симои Пешвои миллат пайдо кард.  Ӯ аз лаҳзаи аввали ба сари қудрат омаданаш бо итминони комил гуфт: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва мардум ба ин гуфтаҳо бовар карданд. Зеро самимӣ ва бо боварӣ гуфта шуд. Аммо ин ҳарфҳоро он замон як сиёсатмадоре мегуфт, ки ҳамагӣ чил сол дошт. Азбаски дар рафтору гуфтораш одамон бозингариву найранги сиёсиро надиданд, ба ӯ эътимод карданд.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, аз рӯзҳои аввал дар бораи чизҳои воқеӣ сӯҳбат мекард, на кадом афсонаҳои амалинашаванда. Аз ҷумла дар лаҳзаҳои аввал гуфтанд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».

Инро замоне мегуфтанд, ки кам касон ба ояндаи Тоҷикистон бовар доштанд. Аз рӯи ҳисобҳо он вақт 35 723 хона дар натиҷаи ҷанг хароб гардида, аз ин миқдор 21740 хона пурра вайрон шуда буд. Дар минтақаҳои ҷангзада ягон иншоот боқӣ намонд, на мактабу касалхона ва на корхонаҳои аз замони шӯравӣ боқимонда. Дар маҷмӯъ зарари ҷангро беш аз 10 миллиард доллари ИМА ҳисоб карда буданд. Аз ҳама мудҳиштар ин буд, ки дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 000 нафар кушта шуда, ҳазорҳо занон бешавҳару ва ҳазорон тифл ятим монданд. Ҳамчунин зиёда аз 1 миллион ҳамватани мо маҷбур аз ватани худ рӯ ба гурез оварданд.  Дар ин ҳолат ҳам Пешвои миллат бо суханони самимона мардумро ба худ ва ояндаи худ ҷалб карда тавонист:

“Бародарону хоҳарони дур аз ватан, ба ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст”.

Баргардонидани ҳамватанони муҳоҷир бе музокирот бо роҳбарони мухолифин имкон надошт. Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали сари кор омаданаш дар пеши худ роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдатро мақсад гузошта буд. Дар натиҷа, музокирот бо мухолифин аз моҳи апрели соли 1994 дар пойтахти Русия сар шуд. Он замон ками одамон ба натиҷаҳои ин гуфтугӯи оғозгардида бовар доштанд. Ба мавзӯъ танҳо вақте ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки соле пас Пешвои миллат барои гуфтушунид ба Афғонистони ҷангзада роҳсипор шуданд. Ҳарчанд, ҳамон тавре шоҳидон дар ёдномаҳо зикр кардаанд, аксарият на аз аъзои Ҳукумат ва на аз кишварҳои беруна барои ин сафар маслиҳат намедоданд. Танҳо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки гуфт: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!».

Маҳз ҳамин устувории Пешвои миллат сабаб гардид, ки 27  июни соли 1997, пас аз 8 даври музокироти ҷонибҳо дар кишварҳои гуногун ниҳоят дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон  ба имзо расид.

Аммо масъалаҳои вобаста ба сулҳу салоҳ бо ин тамом намешуданд. Зеро раванди сулҳсозии Тоҷикистон аз ду давра иборат буд. Аввалӣ, раванди музокироти сулҳ буд, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Дуюм, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки фаъолияташ аз июли соли 1997 сар шуда, мушкилоташ аз даври музокирот ҳам кам набуд. Бовуҷуди душвориҳои пешомада Комиссияи оштии миллӣ, ҳамон тавре дар Низомномааш зикр шуда буд, бояд то интихоботи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 фаъолияташро идома медод. Ҳамин тавр, 31 марти соли 2000 Пешвои муазами миллат аъзои Комиссияи оштии миллиро  қабул карда, ба онҳо  миннатдорӣ баён намуд ва ҳамон рӯз дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти ин ниҳод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад.

Албатта гуфта наметавонем, ки бо ин мушкилоти асосии вобаста ба сулҳу ваҳдат ба охир расид. Масъалаҳои барқарории сулҳ то чандин соли дигар идома ёфтанд. Зарари ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат эҳсос мешавад. Аммо муҳим ин аст, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба як кишвари амн ва рӯ ба рушд шинохта шудааст ва мардум ба оянда бовар доранд. Ин ҳолат барои як давлати мустақил омили бисёр муҳим аст.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Муминзода Қ.Қ.

Напечатать страницу Напечатать страницу