Маҷлиси ҳафтаина

10 июни соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва бо иштироки муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи дар вақти муққарар гардида ба кор ҳозир шудани кормандони дастгоҳ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда қайд карданд, ки шахсоне ки ба кор сари вақт ҳозир намешаванд нисбаташон чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Дар анҷом оид ба омода намудани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ, даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, навиштани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррар намудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу