Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен боздид намуданд

Боздид аз фаъолияти насосҳои обкашӣ

Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам аз фаъолияти насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд боздид сурат гирифт.
Аз ҷумла, масъулин аз насосҳои обкашии “Новая” ва “Нов-1” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоби 3,5 миллион сомонӣ ба ин насосҳои обкашӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст.

Баҳри таҳкими фаъолияти насосҳои обкашӣ масъулин муваззаф гардиданд.

манбаъ:(https://www.facebook.com/profile.php?id=61556915157912)

Напечатать страницу Напечатать страницу