Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. бо кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Н.Б. дар назди ҳозирин доир ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, коллективи кормандони нерӯгоҳ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Напечатать страницу


