Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак

Ояндаи миллату давлат вобаста ба таълими кӯдак аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри дар руҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ асос гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки вазифаи муқаддас ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.

Масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи кӯдакон, волидон бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд, зеро падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонибинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд.

Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад.

Ҳарчанд, ин фазилат аз лиҳози биологӣ асос дорад ва ҳам аз лиҳози динӣ-ахлоқӣ тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ мустаҳкам гардидааст, вале ҳанӯз ҳам волидони зиёде нисбат ба ин вазифаҳои тарбиявии худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад.

Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд, зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли 2016, №325 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ алакай аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад, ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад.

Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст, зеро танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда, ба камол расонад.

Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб аст, ки дар ҷомеа баъзан амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад. Беназоратии волидайн нисбати наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ, хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд асоси сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳамаи қишри ҷомеа, бояд худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии фарзандро тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд.

Дар сурати беэътиноӣ, ин маънои хиёнат ба фарзанд, Ватан ва ояндаи миллату давлат буда, ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷом додани амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азиз – Тоҷикистон ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Наимзода Б.Р.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу