Вохӯрии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ (ICD)

28 майи соли 2024 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.04.2024 сол, №10027 (23-8), ҷиҳати баргузор намудани вохурӣ бо намояндагони Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ (ICD) гузаронида шуд.

 

Дар вохурии мазкур судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б., Қосимзода С. ва намояндагони Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ (ICD) Адил Аҳмад, Сироҷ Ал-Ислом, Салоҳиддин Муҳд Аминудин Хон ва Исмоил Ғаффоров иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои доир ба танзими уҳдадориҳои қарзии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар назди  Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ (ICD)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Судяҳои Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Б. ва Қосимзода С. ба намояндагони Корпоратсияи Исломии Рушди Бахши Хусусӣ (ICD) Адил Аҳмад, Сироҷ Ал-Ислом, Салоҳиддин Муҳд Аминудин Хон ва Исмоил Ғаффоров барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори сипос намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёби намуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу