Сабабҳои пароканда гаштани муносибатҳои оилавӣ ва оқибатҳои он.

Оила ва оиладорӣ яке аз рукнҳои асосии ҷамъият ва давлат ба ҳисоб меравад.

Маросиме, ки дар он  издивоҷ ва ақди никоҳ ба расмият дароварда мешавад, тӯй номида мешавад. Дар базми тӯйи арӯсӣ ҳама ба саломатии арӯсу домод, нӯшбод гуфта, умри дарозу бобаракат, бахти баланду беғам, хушиву шодкомиҳои оилавӣ таманно мекунанд. Дар фароварди шабнишинӣ волидон меҳмононро хушбошӣ ва арӯсро ба манзили нав – ба хонаи домод хайрамақдам мегӯянд. Вале кам касоне пайдо мешаванд, ки наварӯсонро аз ҳаёти оилавӣ ҳидоят карда, онҳоро аз шебу фарози зисту умри оилавӣ барҳазар кунанд, ба бурдбориву тобоварӣ, мулоҳизакориву тадбирандешӣ, тоқату тамкин даъват кунанд. Базм базм асту зиндагӣ, рӯзгори оилавӣ, муносибати зану шавҳарӣ, қонуну қоидаҳои нонавиштаи хонаводаи нав, муносибати навхонадорон ба волидон ва хешовандони тарафайн ва муносибати онҳо ба ҷавонони навхона чизи тамоман дигар, роҳи тайнашудаву асрори таҳқиқнагардида аст.

Дар урфият мегӯянд, ки дар оиладорӣ тифоқу ҳамдигарфаҳмӣ ғолиб ояд, ҳаёт ширину гуворо мегузарад. Дар рӯзгори оилавӣ ба қадру қимати ҳамдигар расидан, волидон ва хешовандони ҳамдигарро босазо ҳурмату эҳтиром кардан, ҳам фарзу ҳам суннат аст. Зеро ду дил ва ду тан аз оилаҳои мухталиф ба висоли ҳамдигар расида, волидони тарафайнро ба волидони хеш ва дар навбати худ онҳо низ домод ва арӯсро фарзандони худ мехонанд.   Худи ҳамин ба эҳтирому қадршиносии мутақобилаи тарафҳо водор мекунад.

Масъалае, ки дар айни замон, дар ҷомеа ҷой дорад ва беҳбудиро тақозо менамояд, ин масъалаи пешгирии ҷудошавии оилаҳо мебошад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бекоршавии ақди никоҳ дар соли 2017 – 10100 ҳолат, соли 2019 – 12482 ҳолат, соли 2020 –  10 536 ҳолат, соли 2021 – 13 714 ҳолат, соли 2022 – 13 876 ҳолат ва соли 2023 -7755 ҳолатро дар бар мегирад.

Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо барвақт хонадор намудани ноболиғон мебошад. Дар натиҷаи нокифоя будани донишу малака, омода набудани навхонадорон ба зиндагии мустақилона ҳаёти якҷоя дер давом намекунад ё дар оила мушкилиҳои моддиу маънавӣ пеш омада,  муҳити солимии оиларо  вайрон менамоянд.

Муҳити зиндагии оилавӣ ба муносибатҳои хешовандони наздики тарафайн, махсусан, ба тарбия ва ташаккули маънавию ахлоқии фарзандон таъсири ниҳоят ҷиддӣ мерасонад. Хешовандон аз моҷарои доимии зану шавҳар дилгир шуда, пой аз остонаи онҳо мебардоранд, фарзандон аз рӯи муносибати волидони хеш ба атроф назар дӯхта, ба ҳодисаву воқеаҳо аз диди онҳо баҳо медиҳанд. Дар гуфтор, рафтору кирдор ба онҳо пайравӣ намуда, беихгиёр ҳама неку бадашонро ба худ касб мекунанд. Баъзан кор ба ҷое мерасад, ки хонаи падариро тарк гуфта, cap ба кӯча, ба раҳгумӣ мезананд, ки он оқибати ислоҳнопазир дошта метавонад.

Вақте, ки оила дами хуш мегузаронад, зану шавҳар сулҳу салоҳ доранд, бо маслиҳат кор мекунанд, нуран алонур аст ва ин ҳама гӯё вуҷуд надорад ва ё ба назар ҳамчун як чизи муқаррарӣ менамояд. Вале агар сулҳу салоҳ ва осоиши рӯзгор аз байн раваду моҷаро ғолиб ояд, баъд ҳисобу ҳасаби чизу чора, аз они ману аз они ту cap мешавад, ба поёни он талошу даъво расидан душвор аст. Ҳатто идораҳои маъмӯрӣ, аз ҷумла умури дохила, суд ва прокуратура ҳам барои кушодани сари ин калоба баъзан оҷизӣ мекашанд. Ба ин кор хешовандон ва волидон ҳамроҳ мешаванд, таънаву таҳқиру таҳдиди ҳамдигарӣ оғоз мешавад. Баъзан кор бо мушту гиребон доир мешавад, ки он оқибати ислоҳнопазир дошта метавонад. Дар натиҷа натанҳо ду тан, балки ду авлод аз ҳамдигар ҷудо ва душмани ҳамдигар мегарданд.

Фарзанд меваи умри инсон ва дар ҳар сурат дар ҳар лаҳзаҳои ғаму шодӣ, ҳам комёбию нокомӣ, тансиҳативу беморӣ азизу ба ҷону тан наздик аст. Ба вай ҳамеша сарпарасте лозим аст, ки бо хушахлоқиву поксириштӣ, меҳнатдӯстиву инсондӯстӣ ҳидоят карда, дар мавридҳои зарурӣ аз роҳи нодуруст баргардонад, аз бекорӣ, мунофиқӣ, қаллобӣ, дуздӣ, дуруғгӯӣ пешгирӣ кунад.

Нависандаи забардасти англис Дейл Карнеги дар китоби машҳураш «Оиди дӯстёбӣ» чунин нигошта: «Пас аз таваҷҷуҳи диққат дар интихоби ҳамсаре шоиста муҳимтарин чиз адабу эҳтиромест, ки бояд миёни марду зан боқӣ бошад».

Айнан ҳамин хел суханонро дар нисбати мардон – шавҳарон низ гуфтан мумкин аст. Агар мард ба зан – ҳамсараш сидқан меҳр бандаду дар бораи саодат ва саломатии вай доимо ғамхорӣ кунад, ӯро бинавозад кору кирдори некашро босазо қадр кунад, зодрӯз, рӯзи тӯйи арӯсӣ ва санаҳои дигари хотиравиашро фаромӯш накарда, табрик кунаду тӯҳфае ва махсусан гулдастае тақдим кунад, доимо дар зиндагӣ комёб ва ба ҳар муроду ҳавасӯ мақсадаш муваффақ мегардад.

Ва баръакс, беэътиборӣ, беҳурматӣ, дағалӣ зоҳир карда, ба ҳар кораш эрод гирад, дар назди хешону бегонаҳо айбу наҳ занад, бо овози баланд гап зада таҳқир кунад, бетаъхир мукофоти амал хоҳад гирифт. Чунон, ки мугӯянд «минус» (тарҳ) бо минус танҳо риёзиёт «пилус» (ҷамъ) мешавад. Дар зиндагӣ ҳаргиз ин тавр нашудааст ва намешавад. Дар зиндагӣ дағалӣ-дағал меораду бадкорӣ мукофоти бад.

Гузаштагони миллати тоҷик ҳамеша бо ҳаёти шахсӣ ва таҷрибаи рӯзгори хеш ба ҷавонони навхона роҷеъ ба зиндагии оилавӣ ва умури оиладорӣ намунаи ибрат буданд ва онҳоро барои нигоҳ доштану пойдор гардонидани ин ҷузъи ибтидоии ҷамият талқину ҳидоят мекарданд. Имрӯз ин анъанаро аз нав эҳё кардан, аз донишу таҷрибаи андӯхтаи гузаштагон ва сарварони комилсинни авлодҳои имрӯза баҳра бурдан лозим.

 

Ёрдамчии судя                                                                             Назарова М.

Напечатать страницу Напечатать страницу