Маърифати ҳуқуқии шарвандон- омили муҳими мустаҳкамии ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бо мақсади эҳтиром ба санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 30 сол сипарӣ мешавад, пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Маърифати ҳуқуқӣ, дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши муҳим ва асосиро мебозад. Эълон кардани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тарбияи ҳуқуқии шарҳвандон  ва огоҳии комил доштанашон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ назди ҳукумати кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар ин замина ҷомеа, бахусус, ниҳодҳои дахлдор бояд роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҷустуҷӯ, пайдо ва омӯзиш намуда, барои дар амал татбиқ намудани он чораандешӣ намоянд. Албатта дар натиҷаи пажуҳишу таҳқиқ ва изҳори назар кардани мутахассисон ба натиҷаҳои назаррас расидан мумкин аст. Масалан, яке аз мутахассисон дар ин масъала чунин изҳори андеша кардааст:

“Фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ҳамчун маърифати ҳуқуқии хуб инкишофёфтаи шахс, асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Бо дарназардошти воқеиятҳои муосири сиёсиву ҳуқуқӣ, таъмин намудани барномаи мақсадноки тадбирҳо ҷиҳати ба таври куллӣ беҳтар намудани таҳсилоти ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар кишвар, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа муҳим мебошад”.

Аслан, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати тайер кардани кадрҳои ҳуқуқиро талаб мекунад. Яке аз роҳҳои таъмини сифати таҳсилоти ҳуқуқӣ такмил додани раванди таълим, навсозии барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои нав мебошад.

Дар ин баробар бояд зикр кард, ки шаҳрвандонро дар муддати кӯтоҳ наметавон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ комилан бомаърифат намуд. Чунонки донандагони соҳа баён кардаанд, ин раванд танҳо дар ҳамбастагии муттасил бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.

Чунки дар натиҷаи ҳамгироии оила, мактаб ва ҷомеа метавон ба бисёр мушкилоте, ки имрӯз дар байни ҷомеа мавҷуд аст ва паёмадҳои нохуш дорад, поён дод. Аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқи оилавӣ, ки аз надонистани он оилаҳо вайрон шуда, хушунату зӯроварӣ рух медиҳад ва ҷанҷолу даъво сари тақсими молу мулк ва ғайра ба миён меояд.

Академик Маҳкам Маҳмудзода дар яке аз мақолаҳои худ доир ба ин паҳлуи масъалаи маърифати ҳуқуқӣ навиштааст, ки “ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо, баҳри бунёди оилаи солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ, корҳои фамондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо, ВАО пайваста ба роҳ монем. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилавӣ омили муҳимми мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”.

Ин гуфтаҳо танҳо як ҷиҳати судманди дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буд, ки мухтасар ба он ишора шуд. Барои иҷрои ҳамаҷониба ва тарбияи шаҳрванд ва ҷомеаи дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бояд тамоми аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкории муттасил ва мунтазам бошанд, зеро чунонки Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода

Напечатать страницу Напечатать страницу