Оила нахустин мактаби зиндагӣ

Солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар санаҳои муҳими таърихӣ, 15-уми май – Рӯзи байналмилалии оила ҳамчун санаи ёдоварӣ аз нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ барои ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон оила мафҳуми муқаддасест, ки бунёди ҷомеаи солим, рушди тараққиёти давлат ва хушбахтиву саодати мардум аз бунёду пойдории он вобастагӣ дорад. Пешвои муаззами миллат оиларо муҳимтарин ячейкаи ҷамъият арзёбӣ намуда, давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ баҳри танзими оила ва солимии модару кӯдак, таҳкиму тақвият бахшидани рукнҳои оиладорӣ ва нақши падару модар дар тарбияи фарзанд тадбирҳои муҳим андешидаанд.

Яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ин фарҳанги оиладорӣ мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2015, Пешвои муаззами миллат оиларо ниҳоди муқаддас номида, барои беҳдошти фарҳанги сунатии миллӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуданд. Ҳадафи асосии ин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад, зеро оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, чунки беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем.

Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт,  Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн, муҳтарам Эмoмaлӣ Рaҳмoн дaр Пaёми нaвбaтӣ бa Мaҷлиси Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн қaйд кaрдaнд, ки: “Рушди минбaъдaи ҷoмеa тaқoзo менaмoяд, ки бo мaқсaди тaнзими ҳaмaҷoнибaи мунoсибaтҳoи ҷaмъиятӣ қoнунҳoи aмaлкунaндa мунтaзaм тaкмил дoдa шaвaнд. Aз ин рӯ, бa субъектҳoи ҳуқуқ эҷoдкунaндa, aз ҷумлa вaкилoни пaрлaмент зaрур aст, ки сифaти қoнунҳoи aмaлкунaндa вa бa сaтҳи рушди иқтисoдиву иҷтимoии кишвaр мутoбиқ будaни oнҳoрo мунтaзaм тaҳлил кaрдa, лoиҳaи сaнaдҳoи меъёрии ҳуқуқии бa тaлaбoти рӯз мувoфиқрo тaҳия нaмoянд”.

Дар асоси ин гуфтаҳо, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳким бахшидани оила ва муносибатҳои оилавӣ чораҷӯӣ намояд. Давлат дар ин самт вазифадор аст барои ба роҳ мондани танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ аз тамоми имкониятҳои зарурӣ истифода намояд. Ин аст, ки ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои пешрафти ҷамъият, таъмини шароити муътадили фаъолият барои ҳар як узви ҷомеа, вазифаи аввалиндараҷаи давлат буда, кафолати таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои онҳо дар қонунгузорӣ мустаҳкам мегардад.

Инчунин, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки яке аз принсипҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тақозо менамояд, ки нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои дорои ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд бардошта шавад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди нахустини иҷтимоишавии инсон бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи ватан саҳми босазо дошта бошад. Вобаста ба ин, оила дар иҷрои вазифаи тарбиявии худ бояд масъулияти баланд дошта бошад. Имрӯз густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсири худро расонида истодааст. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро дар тӯли садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад

Ин аст, ки муътадил инкишоф ёфтани муносибатҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун рукни муҳими ҷамъият имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои алоҳида нисбати масъалаи ҳифзи оила бахшида шудааст. Аз чунин муқаррароти конститутсионӣ бар меояд, ки оила аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи давлатӣ мавриди ҳифз қарор дода мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки: «Оила рукни  табиӣ ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархурдор бошад». Бояд гуфт, ки дар баробари ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ- маърифатӣ дар ин самт, ҳамзамон, бознашр ва дар байни сокинони деҳот тарғибу ташвиқ намудани як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайраҳо ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамзамон баҳрии ташаккули танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон нақши Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми ноябри соли 1998 калон аст. Аз муҳтавои Кодекси оила маълум мегардад, ки вазифаи муқарраротҳои он на фақат танзими муносибатҳои оилавӣ балки дар як маврид, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.

Илова намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими муносибатҳои оилавӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз соли 2013 амал намуда истодааст, ки мақоми он дар таҳким бахшидани муносибатҳои оилавӣ ва пешгирӣ намудани муаммои зӯроварӣ дар оила муассир аст. Ҳамин тариқ зикр карданамон ба маврид аст, ки пос доштани арзишҳои муҳими оилавӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии ҳар як аъзои оила дар таъмин намудани ояндабинии он саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Сармутахассиси раёсати ташкили
судҳо ва баррасии муроҷиатҳо                                      Зокирова Н.

Напечатать страницу Напечатать страницу