Ҳалнома

Ҳалнома
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе
31 январи соли 2024

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раҷабзода П.Ш., бо котибии Хушвахтов О.И. дар маҷлиси судӣ парвандаро аз рӯи аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и ш.Т Р.М. нисбат ба шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т., Кумитаи идораи замини шаҳри Т., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т. ва хоҷагии деҳқонии “Н.”-и шаҳри Т. дар бораи беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Т. №6122  аз 16 декабри соли 2023,-

– бо иштироки аризадиҳанда Р.М., намояндаи ваколатдор Р.М. бо ваколатномаи №2Н-513 аз 12 январи соли 2024, ҳимоячӣ У.С.И. бо ордери №16721 аз 24 январи соли 2024, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т.-З.З.Ғ. бо ваколатномаи №1-02\5-46  аз 23 январи соли 2024,  намояндаи Кумитаи идораи замини шаҳри Т.-А.Д.А. бо ваколатномаи №1\1-04-21 аз 19 январи соли 2024, намояндаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т.-С.С.М. бо ваколатномаи №05\вк аз 22 январи соли 2024, роҳбари ҶСК “Н.”-и шаҳри Т. А.М.О. бо қарори маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.” аз 14 январи соли 2020 ва намояндаи прокуратураи генералӣ А.М.Х. баррасӣ намуда,-

 м у а й я н     к а р д:

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и ш.Т Р.М. бо ариза нисбат ба шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т.,  Кумитаи идораи замини шаҳри Т., КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т. ва хоҷагии деҳқонии “Н.”-и шаҳри Т. дар бораи беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Т. №6122  аз 16 декабри соли 2023 ба суд муроҷиат намуда, онро чунин асоснок намудааст, ки бо қарори Раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 ба вай барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” ба масоҳати 2,0 га бо шумораи 8 нафар саҳмдор барои истифодаи меросии якумра дода шудааст. Пас аз ба тасвиб расидани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ хоҷагии деҳқонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дорои Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ №6197 аз 1 декабри соли 2020 мебошад. Ҳангоми ҳуҷҷатгузории хоҷагии деҳқонӣ муайян гаштааст, ки қарзи замини 2,0 га хоҷагии деҳқонии “Н.” маблағи 9320 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағро ӯ пардохт намудааст. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ заминро мутобиқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” самараноку мақсаднок истифода бурда истодаанд. Аз ҷумла, барои обёрӣ намудани замини хоҷагии деҳқонӣ як адад чоҳи 28 метра кофта, бо ду насос об баровардаанд. Бинобар он ки, атрофи замини ҷудогардида кушода буд, чорвои аҳолӣ ба заминҳои хоҷагӣ даромада, маҳсулотҳои киштнамударо поймолу несту нобуд мекардаанд. Аз ин рӯ, аз Бонки Имон Интернейшнл ба маблағи 40 000 сомонӣ қарз гирифта, ҳудуди замини хоҷагиро бо симтур маҳкам намудааст.Моҳи декабри соли 2023 кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Т. ба ӯ хабар додаанд, ки дар асоси эътирози муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Т. №6122 аз 16 декабри соли 2023 фаъолияти хоҷагии деҳқониашон қатъ карда шудааст. Қайд намудааст, ки мувофиқи шаҳодатномаи саҳми замин саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ дар хоҷагии “Н.” 1,10 гаро ташкил медодааст. Вале ба аъзоёни хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бошад ба ҷои 8,80 га замин, танҳо 2,0 га замин ҷудо кардаанд, ки бо ин ҳам норозигии худро баён накардаанд. Гузашта аз ин, бо қабул гардидани қарори Раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 ва ҷудо намудани замин ба саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ҳуқуқ ва манфиатҳои саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” вайрон нагаштаанд. Зеро ки мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” ҳангоми баромадан аз хоҷагии деҳқонӣ бо саҳми худ ва ташкил намудани хоҷагии деҳқонии алоҳида гирифтани розигии дигар саҳмдорон ҳатмӣ намебошад.

Бо асосҳои овардашуда аз суд хоҳиш намудааст, ки қарори Раиси шаҳри Т. №6122 аз 16 декабри соли 2023 беэътибор дониста шавад.

Дар мурофиаи судӣ аризадиҳанда Р.М. аризаашро дастгирӣ намуда, бо ваҷҳу асосҳои дар он овардашуда аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Намояндаи аризадиҳанда Р.М. дар мурофиаи судӣ аризаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ карда, илова намуд, ки хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ҳашт нафар саҳмдор дошта, баҳри самаранок истифода бурдани замин кушиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳангоми ба онҳо ҷудо гардидани замини дашту теппа, он коркард ва ободнашуда буд. Бо заҳмати зиёди саҳмдорон замини ҷудогардида ободу ҳосилхез гардонида шуда, барои обёрӣ намудани замин чоҳи 28 метра кофта, об баровардаанд. Аз сабабе ки атрофи замини ҷудогардида кушода буд, чорвои аҳолӣ ба заминҳои хоҷагӣ даромада, маҳсулотҳои киштнамударо поймолу несту нобуд мекардааст. Аз ин рӯ, саҳмдорон бо маблағи аз бонк қарзгирифташуда симтур гирифта, ҳудуди замини хоҷагиро бо симтур маҳкам намудаанд. Гузашта аз ин, ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хоҷагии деҳқонӣ муайян гаштааст, ки хоҷагии деҳқонии “Н.” аз ҳисоби андози замин қарздор будааст, ки маблағи қарзи андозро низ барои 2,0 га ба миқдори 9320 сомонӣ онҳо пардохт намудаанд. Инчунин қайд намуд, ки қисми зиёди саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” бо саҳми замини худ баромада, хоҷагиҳои алоҳида ташкил намудаанд, ки ҳамаи онҳо ҳамсарҳад мебошанд. Вале ғайр аз қарори хоҷагии деҳқонии “М.-2020” қарорҳои дигар хоҷагиҳо бекор карда нашуда, нисбаташон низ аз ҷониби прокуратура эътироз оварда нашудааст.

Бо асосҳои баёнгардида аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Дар маҷлиси судӣ ҳимоячӣ У.С.И. аризаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намуда, илова кард, ки хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо риояи талаботҳои қонунгузории ҷории замин ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст. Қарори Раиси шаҳри Т.ро №6122 аз 16 декабри соли 2023 беасос мешуморад, зеро он дар натиҷаи пешниҳоди эътирози прокурорӣ қабул карда шудааст. Дар эътирози прокурорӣ ваҷҳ оварда шудааст, ки хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бе розигӣ ва назардошти фикри дигар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” ташкил карда шудааст, яъне саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бе розигии дигар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” аз аъзогии хоҷагӣ баромадаанд. Ҳангоми бекор кардани қарори хоҷагии деҳқонии “М.-2020”  №1143 аз 24 октябри соли 2020 талаботи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” ба назар гирифта нашудааст. Ғайр аз ин, ҳангоми ҷудо кардани замин ва ташкил кардани хоҷагии деҳқонии алоҳида баръакс ҳуқуқ ва манфиатҳои саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “М.-2020” вайрон карда шудааст, зеро мувофиқи ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи хоҷагии деҳқонии “Н.” ҳар як аъзо дорои 1,10 га саҳми буда, дар маҷмӯъ барои ҳашт нафар он 8,8 гаро ташкил медиҳад. Вале барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо назардошти 8 нафар саҳмдор танҳо 2,0 га ҷудо гардидааст.

Бо ваҷҳҳои баёнгардида аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т. – З.З.Ғ. аризаро қисман эътироф карда, баён намуд, ки барои қабул кардани қарори Раиси шаҳри Т. №6122 аз 16 декабри соли 2023, ки бо он қарори дигар №1143 аз 24 октябри соли 2020 “Дар бораи додани қитъаи замин ба Р.М. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ба масоҳати 2,0 га аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.”” эътирози Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2023 асос шудааст. Дар эътирози овардашуда даҳ рӯз муҳлат муайян гардида буд, ки дар ин муҳлат бо пуррагӣ омухтани маводҳои заминсозии хоҷагиҳои деҳқонии “Н.” ва “М.-2020” ғайриимкон гаштааст. Дар эътирози прокурор оварда шудааст, ки маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” бе иштироки саҳмдорон гузаронида шудааст, дар ҳоле ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар маҷлис на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок дошта бошад. Вале аз қарори маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.” №13 аз 28 апрели соли 2020, ки бо он аз заминҳои ҶСК “Н.” барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” қитъаи замин ба масоҳати 2,0 га ҷудо карда шудааст, дида мешавад, ки маҷлис бе иштироки дигар саҳмдорон гузаронида шудааст. Бинобар ин, бо назардошти асосҳои дар эътироз овардашуда қарори хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бекор карда шудааст.

Аз суд дар доираи талаботҳои қонун ҳал намудани баҳсро пурсид.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи Кумитаи идораи замини шаҳри Т. – А.Д.А. аризаро қисман эътироф карда, аз суд дар доираи талаботи қонун баррасӣ карданашро пурсид.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т. – С.С.М.  аризаро эътироф карда, илова намуд, ки дар асоси қарори  Раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 ба хоҷагии деҳқонии “М.-2020” аз ҷониби Корхона Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ №6197 аз 1 декабри соли 2020 дода шудаааст, ки дар асоси он хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи истифодабарии заминро ба даст овардааст. Дар ҳолати бекор карда шудани қарори мазкур зарурати бекор кардани Шаҳодатномаи додаи онҳо низ ба миён меояд. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, ки ба хоҷагии деҳқонии “М.-2020” дода шудааст, бо риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” таҳия гардидааст.

Бинобар ин, аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Намояндаи ҶСК “Н.”-и шаҳри Т. дар шахсияти раис А.М.О. дар маҷлиси судӣ аризаро эътироф карда, баён намуд, ки мувофиқи қарори №3-и маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.” аз 14 январи соли 2020 ба ӯ ваколати пеш бурдани фаъолияти Ҷамъият, ҳуҷҷатгузорӣ намудани замин, қабул кардани қарор, имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳои ҷамъият ва намояндагӣ кардан дар мақомотҳо, хуллас роҳбари кардани Ҷамъият дода шудааст. Бо қарори №13-и маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.” аз 28 апрели соли 2020 барои ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби Ҷамъият ба масоҳати 2,0 га барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо шумораи ҳашт нафар саҳмдор иҷозат дода шуда, қарори мазкур аз ҷониби ӯ ва котиб ба имзо расонида шудааст. Дар ҳақиқат розигии дигар саҳмдорони Ҷамъият гирифта нашудааст, зеро нафароне, ки хоҷагии деҳқонии алоҳида ташкил намудаанд, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” буда, ҳуқуқ доранд, бе розигии дигар саҳмдорон бо саҳми замини худ баромада хоҷагии алоҳида ташкил намоянд. Ғайр аз ин, аз лаҳзаи ташкилшавии хоҷагии деҳқонии “М.-2020” то инҷониб нисбат ба заминҳои ба саҳмдорон ҷудогардида аз ҷониби саҳмдорони ҶСК “Н.” (пешина хоҷагии деҳқонӣ) ягон арзу даъво ва баҳсу мунозира ба миён наомадааст. Худи ӯ низ ҳамчун роҳбари Ҷамъият нисбат ба хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ягон арзу даъво надорад. Инчунин қайд намуд, ки дар ҳақиқат мутобиқи ҳуҷҷатҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” саҳми замини саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “М.-2020” барои ҳашт нафар дар маҷмӯъ 8,8 га заминро ташкил медиҳад, вале саҳмдорон бо хоҳиши худ танҳо 2,0 га қитъаи заминро гирифтаанд. Айни замон, агар хоҳиши гирифтани замини боқимондаро дошта бошанд, Ҷамъият зид намебошад, баръакс Ҷамъият розӣ ҳаст, ки тамоми саҳмдорон бо саҳми замини худ аз Ҷамъият баромада, хоҷагиҳои алоҳида ташкил намоянд.

Аз суд қонеъ кардани аризаро пурсид.

Маводҳои парвандаро омӯхта, далелҳои хаттии дар қабати маводҳои парванда мавҷудбударо таҳлил намуда, баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва хулосаи прокурорро, ки қонеъ кардани аризаро пурсид, шунида, суд ба чунин хулоса омад.

Мутобиқи моддаи 187 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ки ба ҳукуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд, аз тарафи суди иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд.

Мувофиқи моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 1 сентябри соли 2005 №342 қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия мувофиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешавад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ дар асоси аризаи шаҳрванд тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.

Дар асоси моддаи 15 Кодекси мазкур бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбати тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодабариашон қитъаҳои замин доранд, амалӣ мегардад. Ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин мутобиқи моддаи 17 Кодекси мазкур сурат мегирад. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз вақти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, оғоз меёбад.

Тавре аз маводҳои парванда бармеояд, бо қарори Раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 ба шаҳрвандон қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” аз қисми тарҳи 137, ба масоҳати умумии 2,0 га, бо шумораи 8 нафар саҳмдорон барои истифодаи меросии якумра дода шудааст.

Дар асоси қарори мазкур хоҷагии деҳқонии “М.-2020” аз тарафи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т. бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №6197 аз 1 декабри соли 2020 таъмин карда шудааст.

Ҳамчунин суд муайян намуд, ки аз ҷониби муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси шаҳри Т.  эътирози №20\27-1666 аз 31 октябри соли 2023 пешниҳод гардида, дар он қайд шудааст, ки “новобаста аз он, ки дар хоҷагии деҳқонии “Н.”  821 нафар саҳмдор фаъолият доранд, аммо раиси хоҷагӣ Я.Х. бе баргузор намудани маҷлиси умумӣ, бе гирифтани розигии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ ба шахси саҳмдори хоҷагӣ набуда, ғайриқонунӣ қарори маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” аз 28 апрели соли 2020 №13-ро тартиб дода, оид ба ҷудо намудани 2,0 га заминро барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” розигии худро додааст, ки дар заминаи он қарори раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ қабул гардидааст.”.

Бинобар асосҳои овардашуда, аз Раиси шаҳри Т. талаб карда шудааст, ки  қарори Раиси шаҳри Т.  №1143 аз 24 октябри соли 2020 “Дар бораи додани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” ба шаҳрвандон барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020”” бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, қитъаи замин ба заминистифодабарандаи якумдараҷа баргардонида шавад. Инчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т. ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Т. вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати беэътибор донистани сабтҳои варақаи бақайдгирӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ба суд аризаи даъвогӣ омода ва ирсол намоянд.

Бо назардошти эътирози мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Т. қарори №6122 аз 16 декабри соли 2023 қабул карда шудааст, ки бо он қарори  Раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 “Дар бораи додани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии “Н.” ба истифодаи Р.М. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” “бекор карда шуда, қитъаи замин дар масоҳати умумии 2,0 га ба заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” баргардонида шудаанд.

Моддаи 4 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намояд.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 188 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон, ташкилотҳо, прокурор, инчунин мақомоти давлатӣ ва дигар шахсон метавонанд ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ донистани қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор муроҷиат намоянд, агар лозим донанд, ки санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта ба қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекунанд ва ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вайрон карда, ба онҳо мамониатро барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ё фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоранд.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и шаҳри Т. Р.М.М. санади қабулнамудаи Раиси шаҳри Т.ро хилофи қонун ва ҳуқуқу манфиатҳояшро дар истифодабарии замин халалдоршуда ҳисобида, барои беэътибории он ба суд муроҷиат намудааст.

Суд ваҷҳҳои дар эътирози прокурор овардашударо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, беасос ва ғайриқобили қабул мешуморад, зеро аз маводҳои парванда дида мешавад, ки бо қарори Раиси шаҳри Т. №454 аз 30 декабри соли 1999 хоҷагии ҷамоавии “Н.” ба хоҷагии деҳқонӣ табдил дода шудааст. Тибқи рӯйхати тақсимоти саҳми замини колхози “Н.” ва Шаҳодатномаҳои саҳми замин аз соли 1999 шаҳрвандон Р.М., Р.С., Р.С., Р.Т., Р.Г., М.Н., М.Қ. ва Р.С. саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Н.” буда, ба ҳар кадоме 1,10 га саҳми замин мансуб мебошад.

Қисми 3 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” муқаррар кардааст, ки ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (кодекси маданӣ)  тақсим карда мешавад.Қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мувофиқи саҳми замин тақсим карда мешавад.

Бо қарори маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.”-и шаҳри Т. №11 аз 14 апрели соли 2020 саҳми замини Р.М. бо сабаби вафот карданаш бо розигии хатии фарзандонаш ба номи Р.М., саҳми замини Р.Г. бо сабаби ба нафақа баромаданаш ба номи наберааш Ш.Ч. ва саҳми замини М.Н. бо сабаби дар дигар ҷой истиқомат карданаш бо розигии худи саҳмдорон ба номи додараш М.М. гузаронида шуда, шаҳрвандон Р.М., Ш.Ч. ва М.М. дар асоси аризаҳояшон ба аъзогии ҶСК “Н.” қабул карда шудаанд.

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад сарфи назар аз ризоияти дигари хоҷагии деҳқонӣ, баъд аз анҷом ёфтани соли кишоварзӣ аз ҳайати он бо саҳми замини худ бароянд ва хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис диҳанд.

Дар ин асно, бо қарори дигари маҷлиси Раёсати ҶСК “Н.”-и шаҳри Т. №13 аз 28 апрели соли 2020 аризаи Р.М. оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии алоҳида ба инобат гирифта шуда, аз заминҳои ҶСК “Н.” аз қисми тарҳи №137 майдони умумии 2,0 га барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии алоҳида бо номи “М.-2020” бо шумораи 8 нафар саҳмдор ҷудо карда шудааст.

Бо назардошти қарорҳои мазкур, аз ҷумла аризаи шаҳрванд Р.М. ба унвонии Раиси шаҳри Т. аз 22 июни соли 2020, пешниҳоди Раиси ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба унвонии Раиси шаҳри Т. №239 аз 11 майи соли 2020, санад дар бораи додани қитъаи замин ба хоҷаги деҳқонии “М.-2020” аз 14 июли соли 2020, ки аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор тартиб дода шудааст ва пешниҳоди Раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Т. №1\1-04-542 аз 24 июли соли 2020 ба унвонии Раиси шаҳри Т. аз ҷониби Раиси шаҳри Т. қарори № 1143 аз 24 октябри соли 2020  “Дар бораи ба шаҳрвандон ҷудо намудани  қитъаи замин аз тарҳи №137 ба масоҳати 2,0 га аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020”  бо шумораи 8 нафар саҳмдорон барои истифодаи меросии якумра” қабул карда шудааст.

Боиси қайд аст, ки саҳми замини саҳмдорон дар хоҷагии деҳқонии “Н.” ба ҳар кадоме 1,10 га мансуб буда, вале ҳангоми ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо шумораи 8 нафар саҳмдор ба ҳар яке 0,25 га ҷудо гардидааст.

Суд муайян кард, ки воқеан тартиби пешбининамудаи қонун ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии “М.-2020” риоя карда шудааст.

Гузашта аз ин, раиси ҶСК “Н.”-и шаҳри Т. А.М.О. дар маҷлиси судӣ  қайд намуд, ки аз лаҳзаи ташкилшавии хоҷагии деҳқонии “М.-2020”  то инҷониб нисбат ба заминҳои ба саҳмдорон ҷудогардида аз ҷониби саҳмдорони ҶСК “Н.” (пешина хоҷагии деҳқонӣ) ягон арзу даъво ва баҳсу мунозира ба миён наомада, худи ӯ низ ҳамчун роҳбари Ҷамъият нисбат ба хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ягон арзу даъво надорад. Айни замон, агар кадом саҳмдоре, ки хоҳиши гирифтани замини боқимондаро дошта бошанд, Ҷамъият зид намебошад, баръакс Ҷамъият розӣ ҳаст, ки тамоми саҳмдорон бо саҳми замини худ аз Ҷамъият баромада, хоҷагиҳои алоҳида ташкил намоянд.

Ҳамин тариқ, суд чунин мешуморад, ки ваҷҳҳои баёнгардидаи прокурор дар эътироз асос барои бекор кардани қарори мавриди баҳс қароргирифта шуда наметавонанд. Раиси шаҳри Т. бошад ҳолатҳои воқеии корро мавриди санҷиш қарор надода, танҳо бо ваҷҳҳои эътироз маҳдуд гардида, бо бармаҳал қабул намудани қарори № 6122 аз 16 декабри соли 2023 ҳуқуқи истифодабарии замини хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-ро қатъ намудааст.

Гузашта аз ин, мувофиқи моддаи 7 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди маъмуриаш салоҳияти қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро мутобиқи моддаи 37 ва бо тартиби пешбининамудаи моддаи 39 Кодекси мазкур доранд.

Бояд қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) танҳо бо асосҳои даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон, ба охир расидани муҳлати истифодаи қитъаи замин ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ қабул карда мешавад. Яъне, аз ин бармеояд, ки дар дигар ҳолатҳо маҳрум сохтан ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи замин танҳо аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад. Гузашта аз ин, хоҷагии деҳқонии мазкур дорои Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №6197 аз 1 декабри соли 2020 буда, дар ин ҳолат муносибат вобаста ба ҳуқуқ ба миён омада, маҳдуд, маҳрум ва қатъ гардонидани ҳуқуқ салоҳияти мустасноии суд мебошад.

Суд ба хулоса омад, ки асосҳои бо қонун муайянгардидаи қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии замини хоҷагии деҳқонии “М.-2020” ҷой надошта, бо вуҷуди ин, Раиси шаҳри Т. талаботҳои қонунгузориро сарфи назар намуда, қарори қаблан қабулнамудаи Раиси шаҳри Т.ро аз 24 октябри соли 2020, № 1143 “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо саҳми замини аъзоён аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.”” бекор намудааст.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 64 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахси иштироккунандаи парванда бояд ҳолатҳоеро исбот намояд, ки ҳамчун асоси талабот ва норозигии худ ба он такя менамояд. Уҳдадории исботи ҳолатҳое, ки асоси аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор қабул кардани санад, қарор, содир кардани амале (беамалие), ки мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба зиммаи мақомот ва шахси мансабдори дахлдор гузошта мешавад.

Мувофиқи талаботи қисми 5 моддаи 190 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории исбот намудани мутобиқати санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии баҳсшаванда ба қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунияти қарорҳои қабулкардаи баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта, мавҷуд будани ваколати дахлдор доштани мақомот ва ё шахсе, ки ваколати дахлдор барои қабули санад, қарори баҳснок ва содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифтаро дорад, инчунин ҳолатҳое, ки асос барои қабул кардани санад, қарори баҳснок, содир кардани амали (беамалии) мавриди баҳс қароргирифта гардидаанд, ба зиммаи мақомот ва шахсе, ки онро қабул кардааст, вогузошта мешавад.

Шахси манфиатдор-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т. дар маҷлиси судӣ бо асосҳои қонунӣ қабул гардидани қарори раиси шаҳри Т.ро аз 16 декабри соли 2023, № 6122 исбот карда натавониста, танҳо такя ба эътирози овардаи прокурор намуд.

Тибки талаботи сархати 2 моддаи 11 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои маданӣ бо барқарор намудани ҳолате, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон  кардани он таҳдид менамоянд, ҳимоя мешаванд.

Мувофиқи моддаи 12 Кодекси мазкур суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигарро, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёриеро, ки ба қонунгузорӣ мувофиқ нестанд ва ҳуқуқҳои маданию манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқиро вайрон мекунанд, беэътибор эътироф намояд.

 Бо қабул намудани қарори раиси  шаҳри Т. аз 16 декабри соли 2023, № 6122  “Дар бораи бекор кардани қарори раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 “Дар бораи додани қитъаи замин аз ҳисоби замимнҳои хоҷагии “Н.” ба истифодаи Р.М. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020”” истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонии “М.-2020” қатъ гардида, ҳуқуқҳои конститутсионии саҳмдорон ҷиҳати истифодаи замин вайрон карда шудаанд.

Ҳол он ки дар мурофиаи судӣ бо омӯзиш ва таҳлили маводҳои парванда собит гашт, ки хоҷагии деҳқонии “М.-2020” бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, қарори Раиси шаҳри Т.  аз 24 октябри соли 2020 таҳти  № 1143 “Дар бораи додани замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” ба истифодаи Р.М. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020”” дар доираи раводиди моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” қабул гардидааст.

Дар маҷмӯъ, бо ҷой доштани ҳолатҳои болоӣ суд ҳисоб мекунад, ки  қарори раиси шаҳри Т. № 6122 аз 16 декабри соли 2023  бе мавҷуд будани асосҳои кофӣ ва қонунӣ, бархилофи талаботҳои моддаҳои 37, 39 ва 47 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, хоҷагии деҳқонии «М.-2020» ғайриқонунӣ аз ҳуқуқи истифодаи замин маҳрум карда шудааст.

Бинобар ин, суд ба хулоса омад, ки аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и шаҳри Т.  Р.М.М.-ро қонеъ намояд.

Ҳамзамон, суд масъалаи  хароҷоти судиро тибқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда, муайян намуд, ки аризадиҳанда зимни пешниҳоди ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба малағи 680 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намудааст, ҳол он ки мебоист 144 сомонӣ пардохт менамуд. Зеро, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” боҷи давлатӣ аз аризаҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ барои шахсони воқеӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад.

Бо назардошти ин, суд рӯёнидани маблағи хароҷоти судиро аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т. ба фоидаи хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и шаҳри Т. ба андозаи 144 сомонӣ мувофиқи мақсад донист.

Бо асосҳои болоӣ ва бо дастрасии моддаҳои 165-168 ва 191 Кодекси  мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-

 ҳ а л   к а р д :

Аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и ш.Т Р.М. қонеъ карда шавад.

Қарори Раиси шаҳри Т. №6122 аз 16 декабри соли 2023 “Дар бораи бекор кардани қарори раиси шаҳри Т. №1143 аз 24 октябри соли 2020 “Дар бораи додани қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Н.” ба истифодаи Р.М. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “М.-2020”” бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданаш беэътибор дониста шавад.

Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Т.  ба фоидаи аризадиҳанда-роҳбари хоҷагии деҳқонии “М.-2020”-и ш.Т Р.М. маблағи хароҷоти судӣ 144  сомонӣ рӯёнида шавад.

Аз болои ҳалнома ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ шикоят овардан мумкин аст.

Раисикунанда                                                     Раҷабзода П.Ш.

Напечатать страницу Напечатать страницу