Маҷлиси ҳафтаина

 

20 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

 

Дар маҷлис оид ба иҷроиши нақшаи кории соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, иҷроиши саривақтии бандҳои дахлдори нақшаи кории суд, инчунин оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №795 аз 18 марти соли 2024 дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид гардид.

 

 

 

 

 

 

Дар анҷом оид ба омода намудани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ ва масъалаи иштироки судяҳо ва кормандон дар семинарҳо ва машғулиятҳои забономӯзӣ таъкид карда шуд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу