Ҳалнома

ҲАЛНОМА
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти раисии: Хайриддинзода А.
Бо котибии: Самиев Ф.
02-юми феврали соли 2024

Дар маҷлиси кушоди судӣ, дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷлиси сайёри судӣ дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш.

Парвандаро бо даъвои соҳибкори инфиродӣ З.М.К. ба ҷавобгарии М.А.Н., З.Н. ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. дар бораи бартараф намудани монеагӣ оид ба истифодаи замин дар масоҳати 0,90 га, бо иштироки даъвогар З.М.К., ҷавобгар З.Н., раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. А.С.Ш. ва прокурор А.М.Х. баррасӣ намуда,

МУАЙЯН КАРД:

Соҳибкори инфиродӣ З.М.К. бо аризаи даъвогии дар боло зикргардида ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро чунин асоснок намудааст, ки тибқи протоколи маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Қ.”-и ноҳияи Ш. аз 6-уми октябри соли 2017, №01 З.М.К. ва М.А.Н. ба ҳайси саҳмдори ҳамин хоҷагӣ қабул гардидаанд. Дар хоҷагии деҳқонии “Қ.” саҳми замини онҳо 0,90 га-ро ташкил дода, он дар Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Ш. дар як қисми тарҳи №27/430 ҷойгир мебошад. Дар асоси муроҷиати онҳо саҳми замини ӯ ва шавҳараш М.А.Н. дар масоҳати 0,90 га бо қарори раиси ноҳияи Ш. аз 19-уми декабри соли 2019, №1045 ҷудо карда шуда, хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-ро ташкил намудаанд. Дар асоси қарори раиси ноҳияи Ш. аз 19-уми декабри соли 2019, №1045 аз ҷониби КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш. хоҷагии деҳқонии “Б.-2011” бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ оид ба истифодаи замин таъмин карда шудааст.

Моҳи январи соли 2023 муносибатҳои оилавии ӯ бо шавҳараш М.А.Н. вайрон гардида, аз ҳам ҷудо шудаанд. То ин вақт саҳми замини худро самаранок истифода мебурдааст. Вале баъди қатъ шудани муносибатҳои оилавӣ бо шавҳараш, падари шавҳараш З.Н. ҷиҳати истифода бурдани саҳми заминаш дар хоҷагии деҳқонии “Б.-2011” монеагӣ эҷод намуда, ҳуқуқҳои ӯро ҳамчун заминистифодабаранда вайрон намудааст.

Бинобар ин, аз суд хоҳиш намудааст, ки монеагии эҷоднамудаи М.А.Н. ва З.Н. оиди истифодаи 0,90 га саҳми замин бартараф карда шавад.

Даъвогар З.М.К. дар маҷлиси судӣ даъворо дастгирӣ намуда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, монеагии эҷоднамудаи М.А.Н. ва З.Н. оиди истифодаи 0,90 га саҳми замин бартараф карда шавад.

Ҷавобгар З.Н. дар маҷлиси судӣ даъворо қисман эътироф намуда, баён намуд, ки ба даъвогар ҷиҳати истифодаи қитъаи замин дар масоҳати 0,45 га ҳеҷ кас монеагӣ эҷод накарда, номбурда метавонад ҳар вақт, ки хоҳад дар қитъаи замини мазкур фаъолият намояд. Аз суд хоҳиш намуд, ки даъво дар қисми 0,45 га қонеъ карда шуда, дар қисми саҳми замини писараш М.А.Н. рад карда шавад.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. А.С.Ш. дар маҷлиси сайёри судӣ, баён намуд, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи саҳми замин дуруст ва қонунӣ мебошанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи даъвогӣ дар доираи қонун баррасӣ карда шавад.

Прокурор А.М.Х. дар маҷлисӣ судӣ аризаи даъвогиро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад.

Суд ҳуҷҷатҳои парвандаро омӯхта, баёноти иштирокчиёни парвандаро шунида, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, ба чунин хулоса омад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ  ба далелҳо бо  эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Муайян карда шуд, ки  мувофиқи шаҳодатнома барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ З.М.К. дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Ш. аз 19-уми январи 2020, №0452012 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқанд, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешаванд.

Аз ҳуҷҷатҳои парванда муайян карда шуд, ки бо қарори раиси ноҳияи Ш. аз 19-уми декабри соли 2019, №1045 бо мақсади самаранок истифодабарии қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Қ.”-и ноҳияи Ш. барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-и ноҳияи Ш. мувофиқи саҳми замини аъзоён ба масоҳати умумии 0,90 га, аз он: 0,89 га замини обӣ ва 0,1 га зери об дар як қисми тарҳи №27/430 ҷойгир гаштааст, барои ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ ҷудо карда шудааст.

КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ш. қарори раиси ноҳияи Ш. аз 19-уми декабри соли 2019,  №1045 -ро ба инобат гирифта, хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-ро бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ оиди истифодаи замин аз 25-уми июни  соли 2020, №2407, дараҷаи №0225044 дар масоҳати 0,90 га, таъмин намудааст.

Мувофиқи маълумотнома оиди саҳми замини аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-и ноҳияи Ш. саҳми замини З.М.К. 0,45 га ва М.А.Н. низ 0,45 га-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи санад оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрванд З.М.К. ва аъзои он барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-и ноҳияи Ш. аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Қ.”-и ноҳияи Ш. аз 18-уми феврали соли 2019 қитъаи замини интихоб ва ҷудошаванда барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Б.-2011”-и ноҳияи Ш. аз рӯи харитаи заминистифодабарии заминҳои Ҷамоати деҳоти Сабо дар қисми ғарбии деҳаи Қаҳрамон як қисми тарҳи №27/340 ҷойгир буда, аз самти шимол бо заминҳои хоҷагии деҳқонии “Г.”, аз самти шарқ бо заминҳои хоҷагии деҳқонии “Қ.”, аз самти ҷануб бо заминҳои Канали калони Ҳисор (БГК), аз самти ғарб бо заминҳои хоҷагии иловагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҳамсарҳад буда, масоҳати умумиаш 0,90 га аз он: 0,89 га корами обӣ ва 0,1 га зери обро ташкил менамоянд.

Аз далелҳои дар парванда мавҷудбуда ва далелҳои дар маҷлиси судӣ ҷамъовардашуда суд муайян намуд, ки ҷиҳати озодона истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани қитъаи замин дар масоҳати 0,45 га, ки бо қарори раиси ноҳияи  Ш аз 19-уми декабри соли 2019, №1045 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз 25-уми июни соли 2020, №2407, дараҷаи №0225044 ба соҳибкори инфиродӣ З.М.К. тааллуқ дорад, барои аз ҷониби ӯ истифода бурдан аз тарафи З.Н. монеагӣ эҷод гардида, нагузоштааст, ки даъвогар дар қитъаи замини мувофиқи қонунгузорӣ ба ӯ ҷудогардида хоҷагидорӣ намояд.

Дар маҷлиси судӣ ҳолати аз ҷониби ҷавобгар З.Н. ғайриқонунӣ истифода гардидани 0,45 га қитъаи замини корами обии ба даъвогар тааллуқдошта, тасдиқи худро ёфта, худи ҷавобгар ин ҳолатро эътироф намуд.

Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 69 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби яке аз тарафҳо эътироф кардани ҳолатҳое, ки тарафи дигар талабот ва норозигии худро асоснок мекунад, тарафи дигарро аз исбот кардани ин ҳолатҳо озод менамояд.

Бинобар ҳамин суд ба хулоса омад, ки аз ҷониби ҷавобгар З.Н. нисбати даъвогар З.М. ба вуҷуд овардани монеагӣ оиди истифода бурдани саҳми заминаш дар хоҷагии деҳқонии “Б.-2011” исботи пурраи худро ёфтааст.

Мувофиқи сархати 2 моддаи 11 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои маданӣ бо тарзи барқарор намудани ҳолате, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт ва пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд, ҳимоя карда мешавад.

Тавре аз парвандаи заминсозии хоҷагии деҳқонии “Б.-2011” муайян гардид саҳми замини даъвогар дар ин хоҷагӣ 0,45 га-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, суд ба хулоса омад, ки талаботи аризаи даъвогӣ дар қисми бартараф намудани монеагӣ ҷиҳати истифодаи 0,45 га асоснок буда, дар ин қисм қонеъ намудани талаботи даъвогиро лозим медонад.

Талаботи аризаи даъвогӣ оиди бартараф намудани монеагӣ ҷиҳати истифодаи 0,45 га, мавриди муҳокима қарор дода, суд ба хулоса омад, ки аризаи даъвогӣ дар ин қисм беасос буда, рад намудани онро лозим медонад. Зеро мувофиқи маълумотҳои дар парвандаи заминсозӣ хоҷагии деҳқонии “Б.-2011” мавҷудбуда қитъаи заимн дар масоҳати 0,45 га ба шавҳари даъвогар З.М.-М.А.Н. тааллуқ дошта, ҳуқуқи дар ин қисм пешниҳод намудани даъворо худи саҳмдори замин М.А.Н. дорад.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки монеагӣ нисбати даъвогар З.М. ҷиҳати озодона истифода намудани саҳми замин аз ҷониби ҷавобгар З.Н. эҷод карда шуда, аз ҷониби ҷавобгар М.А.Н. монеагӣ карда нашудааст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло зикргардида суд дахлдорӣ ва ҷоизии хар як далел, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо дода, ба хулоса омад, ки аризаи давъогӣ қисман қонеъ карда шавад.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷроиши ҳалномаи қабулгардида, суд ба хулоса омад, ки баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи мазкур иҷроиши онро ба зиммаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. ва иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.

Суд  масъалаи рӯёнидани боҷи давлатиро муҳокима намуда, дар асоси моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хулоса омад, ки боҷи давлатии пардохтгарида дар қисми талаботи даъвогии қонеъгардида, аз ҳисоби ҷавобгарон ба манфиати даъвогар рӯёнида шавад.

Бо дастрасии моддаҳои 165-169,174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд;

Ҳ  А  Л      К  А  Р Д :

Аризаи даъвогии соҳибкори инфиродӣ З.М.К. ба ҷавобгарии М.А.Н., З.Н. ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. дар бораи бартараф намудани монеагӣ оиди истифодаи замин дар масоҳати 0,90 га қисман қонеъ карда шавад.

Монеагии эҷоднамудаи З.Н. оиди истифодаи саҳми замини З.М.К. дар масоҳати 0,45 га, ки мувофиқи харитаи истифодабарии заминҳои Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Ш. дар як қисми тарҳи №27\340 воқеъ аст, бартараф карда шавад.

Аризаи даъвогӣ дар қисми бартараф намудани монеагӣ оиди истифодаи замин дар масоҳати боқимонда 0,45 га, бинобар сабаби беасос буданаш рад карда шавад.

Иҷроиши ҳалнома ба зиммаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Ш. ва иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Аз ҳисоби ҷавобгар З.Н. ба манфиати даъвогар З.М.К. маблағи боҷи давлатӣ ба андозаи 68 (шасту ҳашт) сомонӣ рӯёнида шавад.

Нисбати ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи дастрас шудан ба тарафҳо, ба марҳилаи кассатсиониӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                                                           Хайриддинзода А.

Напечатать страницу Напечатать страницу