Оила – Пойдевори ҳастии ҷомеа

Оила пойдевори ҳастии ҷомеа ба шумор меравад, ки дар ташаккули инсон нақши муҳим дорад.

Ҳамасола «15 майи рӯзи байналмилалии оила» бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Доир ба ташаккули инсон, дар муҳити оила ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад дар доираи қонуну қоидаҳои давлати соҳибистиқлол аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ба манфиати ҷомеа истифода барад ва дар ин раванд ҳуқуқу озодиҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар асоси ҳамин ҳуҷҷати кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳо оила асоси ҷомеаро ташкил медиҳад. Ин аст, ки бо ибтикори навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2015 – Соли оила эълон гарида, онро мардуми кишварамон самимона истиқбол намуданд. Аз саҳифаҳои таърих баръало равшан аст, ки дар ҳар давру замон нақши оилаи солим дар рушди ҳарҷонибаи давлату давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром бо волидайн, садоқат ба ватан ва расму оинҳои миллӣ басо бузург аст. Оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил мекунад ва ҳамарӯза мо ғамхории роҳбарияти олии кишварро оид ба муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим баръало мебинем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде, ки ба танзими дурусти муносибатҳои оилавӣ равона гардиданд, қабул шуда, нақши оила ҳамчун асоси ҷамъият дар моддаи 33 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гариддаст. Дар модаи 33 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад».

Таҳти ҳимояи давлат будани оила гарави таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, дастрасӣ ва ройгон будани таълим, кафолати иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба модару кӯдак мебошад. Меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулаш 13-уми ноябри соли 1998, дар асоси принсипҳое, муқаррар гардидааст, ки ба пойдории оила ва ҳимояву дастгирии он аз ҷониби давлат далолат мекунад. Ин принсипҳо дар барорҳуқуқии марду зан дар ҳалли масоили оилавӣ ва муносибати оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод зоҳир мегарданд.

Дар заминаи Конститутсияи кишвар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардинии онҳо», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки вазифаи муҳимтарини оила муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадил ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак аст ва ин вазифа, пеш аз ҳама ба уҳдаи волидайн гузошта мешавад. Охир фарзанд муҳимтарин воситаи бақои оила мебошад. Тибқи талаботи моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, ба уҳдаи давлат масъулияти азими рушди соҳаи иҷтимоӣ гузошта шудааст. Дар моддаи 164 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ба занон рухсатӣ аз рӯи ҳомиладорӣ ва таваллуд 70 рӯзи тақвимӣ, баъди таваллуд бо пардохти кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ, дода мешавад. Ин ғамхориҳо аз тарафи давлат фақат ба хотири пойдории оила амалӣ мегарданд.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Саидмуродзода О.Ҳ.

Напечатать страницу Напечатать страницу