Дар партави Паём – маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар мадди аввал

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Паёми имсолаи сарвари давлат давоми мантиқии  нуқтаҳо ва паёмҳои қаблӣ буда, дар он роҳи тайкардаи халқи азизи кишварамон дар даврони истиқлолият таҳқиқ ва таҳлил гардида, роҳои минбаъдаи рушди кишвар муайян карда шуд.

Дар баробари ин, аз ҷониби Пешвои миллат ба хотири бошукуҳ таҷлил гардидани сиюмин солгардиди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда шуд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бармеоянд,  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024”, аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 қабул гардид.

Воқеан Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамадини тоҷик мебошад.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакати мо сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукумрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Ба ҳамагон маълум мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷорӣ ва аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ ҳимоя карда мешавад.

Боиси қайд аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини давлате маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳама вақта таъкид менамоянд, ки  рушди давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳадафи асосии соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидан низ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун ва ташкил намудани механизми самаранокии ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Мардуми Тоҷикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро мақсади асосии худ медонад ва ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба онҳое такя мекунад, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бо маърифату қодир ба ҳифзи адолатанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ҳифзи судӣ мебошад. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад мекунад.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи фаъолияти рузмараи худ баҳри тартияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо истифода аз шаклҳои гуногуни тарғибу ташвиқ аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма-садо ва симо, рӯзнома, маҷалаҳо ва вохуриҳои бевосита бо аҳолӣ дар бархурдор кардани сокинони ҷумҳурӣ аз қонунҳои амалкунанда ва сиёсати роҳбарияти олии кишвар ва бо ин роҳ пешгирии қонунвайронкунию ҷинояткорӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳамчунин судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаҳои сайёри судиро зиёд карда, онро ҳамчун минбари тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон истифода бурда истодаанд.

Дар фарҷом қайд карда мешавад, ки мо, кормандони ҳокимияти судӣ даъвату ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои муазами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ барои таҳкими минбаъдаи давлатдории миллиамон бо роҳи тадбиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории ҷорӣ, аз ҳарвақта бештар кӯшиш хоҳем кард.

 

                                          Судяи Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилзода Х.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу