Ҳимояи бомуваффақи рисолаи номзадӣ муборак!

Санаи 7 майи соли равон, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-O18 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд.

Муҳаққиқ дар таҳқиқоти худ ба масъалаи бисёр муҳим ва саривақтии ҷомеаи Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар замони муосир диққати алоҳида дода, дар рисолаи худ муҳиммият ва хусусиятҳои хоси мавзуи интихобшударо пурра ва ҳаматарафа таҳлил намудааст.

Аз ин лиҳоз, Шӯрои диссертатсионӣ аз 7 майи соли 2024 қарор қабул намудааст, ки диссертатсияи Абдуллозода Зебонисо Файзулло дар мавзуи «Созишномаи арбитражӣ: масъалаҳои назария ва таҷриба», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ пешниҳод шудааст, ба талаботҳои пешбининамудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои 31 ва 33 – и «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, таҳти №267 тасдиқ гардидааст, ҷавобгу мебошад.

Интишороти муаллиф пурра мазмуну моҳияти диссертатсияро инъикос менамояд.

Ба Абдуллозода Зебонисо Файзулло дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шавад.

Аз Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки қарори Шурои диссертатсиониро ҷонибдорӣ намояд ва Абдуллозода Зебонисо Файзуллоро бо дипломи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ сарфароз гардонад.

Бо ин назардошт, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзуллоро ба ин дастоварди илмӣ сидқан табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзумандем.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу