15 май-Рӯзи байналмилалии оила. Оила сарчашмаи хушбахтии инсон аст.

Оила ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи табии байни онҳо ҳамчун занҷири байни наслҳо ҳамеша дар инкишоф ва мустаҳкамӣ нигоҳ дошта мешавад. Таҳкурсии ҳар як фарди солим ва нерӯманд ба ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ, муҳаббати инсонии оилаҳо вобастагии қавӣ дорад.

Оила  гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои хурдӣ гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи маънавиёти шахсият замина мегузоранд.

Аз ин ҷост, ки ягон миллат ва ягон ҷамъияти фарҳангӣ бе оилаю оиладорӣ мавҷудияташ ғайриимкон аст. Бе сабаб нест, ки хушбахт будан ҳар як одамро ба оилаи солеҳ қиёс мекунанд.

Тоҷикон аз қадимулайём аз зумраи мардумоне ба шумор мераванд, ки ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон таъкидҳои махсус кардаанд ва ин як масъалаи муҳиму фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки садсолаҳо инҷониб таблиғу таълим дода мешавад.

Бояд гуфт, ки баланд бардоштани маърифати ҷомеа бо ҳамкориву робитаи оила, муассиса ва ҷомеа ҳамбастагии зиёд дорад. Тарбияи кӯдак дар асоси фаҳмишу биниш, ҷаҳонбиниву мафкура ва эътибору эҳтиром, инчунин арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, дар шахсияти ӯ ташаккул меёбад.

Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки тарбияи маърифатӣ аз оилаи солим сарчашма мегирад ва ҳамон падару модаре, ки тарбияи дуруст медиҳад, вай худ оилаи соҳибмаърифат аст ва  ахлоқи ҳамида дорад.

Таълиму тарбия ин равандест, ки ҳар як фарди ҷомеа ба он масъул аст ва ин масъулятро бояд ба тамоми ҷисму ҷон бо садои қалб эҳсос намояд.

Тарбияи маърифатӣ ин дар шуури шаҳрвандон пайдо намудан ва ташаккул додани маърифати миллӣ ва ҷаҳонӣ, яъне донишу лаёқати инсонӣ мебошад

Мо падару модаронро зарур аст, ки тамому саъю кӯшишамонро ба тарбияи насли наврас сарф намоем, чунки онҳо ояндасози давлату миллати мо ҳастанд.

Давраи ҷавонӣ чун ситораест, ки фақат якбор дар осмони умр тулӯъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кӯчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳол ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад.

Беҳуда нест, ки ҷавононро ояндаи миллат номидаанд. Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро ба пеш мебарад, ин бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ будани онҳо мебошад.

Дар ҳама давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, ояндаи ҳама кишварҳо аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи нек буданд ва ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишмандро пешниҳод кардаанд.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо аз беаҳамиятӣ ва бемасулиятии волидайн дарак медиҳад. Гарчанде ки айни замон дар кишвар Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол баъзе падару модароне ба чашм мерасанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанди хеш аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.

Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст. Замоне, ки мардумони ориёӣ бузургтарин давлатдориҳои дунёи қадимро асос гузошта буданд, усулҳои тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд дар онҳо ба ҳукми одат табдил ёфта буд.

Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан  арзёбӣ намудааст.

Бино ба иттилои Ҳеродот, мардуми ориёӣ чунин одат доштаанд, ки ба писарони аз 5 то 20 – солаи худ се илмро пайваста меомӯзонидаанд. Якум, аспсавориро ба хотири тарбияи ҷисмонӣ ва чусту чолок будани фарзанд, дуюм, тирандозӣ ё камонвариро ба хотири дифои Ватан ва ниҳоят, танҳо сухани ҳақ гуфтан, яъне рост гуфтанро барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.

Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст.

Ин аст, ки мутадил инкишоф ёфтани муносибатҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун рукни муҳими ҷамъият имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои алоҳида нисбати масъалаи ҳифзи оила бахшида шудааст. Аз чунин муқаррароти конститутсионӣ бармеояд, ки оила аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи давлатӣ мавриди ҳифз қарор дода мешавад.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода С.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу