Оила-унсури асосии ҷомеа!

Рӯзи байналмилалии оила бо қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 1993 эълон гардида, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизамон 15 май таҷлил мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи моддаи 33 Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.”.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои оилавӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

Бо мақсади таҳким ва пешрафти оилаҳо ду қонуни миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидаанд.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву, тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд.

Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст.

Ҷаҳони муҳосир имрӯз аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, масъулияти падарону модаронро боз ҳам зиёдтар кардааст.

Бахусус, модаронро зарур аст, ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, ба онҳо маърифати оиладориро таълим диҳанд, маданияту одоб омӯзонанд ва соҳиби касбу ҳунар гардонанд, то онҳо бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат дар боз ҳам обод намудани кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Парвина

Напечатать страницу Напечатать страницу