Ваҳдати миллӣ ифтихори миллати тоҷик ва нақши он дар эъмори давлатии соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бисту ҳафт сол муқаддам дар таърихи давлатдории нави тоҷикон рӯйдоди бузурги таърихӣ ба вуқӯъ омад: 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон ба имзо расид, ки он дар таърихи давлатдории мо таҳаввулоти ҷиддии бунёдиро асос гузошт. Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии 27 солгарди ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ин рӯз бо як шукӯҳу таровати хоса таҷлил карда мешавад ва мо бо самимияти беандоза ин санаи муборак ва ин соати фархундаро, ботантана истиқбол мегирем.

Басо хуш ва самимист, ки имрӯз, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 июни соли 1998, №1015 «Дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ», 27 июн «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар тамоми қаламрави давлати офтобрӯяву соҳибистиқлоламон эълон гардида ҳамасола ин санаи муборак бо тантана қайд карда мешавад.

«Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар асл сарчашмаи сулҳ, ваҳдат, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати халқи тоҷик мебошад.

Танҳо бо шарофати сабру таҳаммул ва талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва шахсони ватандӯст  муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расад».  Дар ин музокироте, ки миёни тоҷикон беш аз се сол давом дошт Созишномаи истиқрори сулҳ аввалин ҳуҷҷати тақдирсоз буд, ки имзояш таҳти сарпарастии Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар заминаи фидокориву ҷонбозиҳо ва ҷустуҷӯву андешаҳои тӯлонӣ самара дод, ки бо ин шарофат дар ҷодаи таъмини саодати миллӣ ва рушди устувори Ватанамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол, фарзандони асили халқи тоҷик қаҳрамонӣ намуданд.

Тоҷикистон ба сулҳи пойдор комёб гардида, имрӯз муаммоҳои  аз замони шӯравӣ боқимонда ва масъалаҳои наверо, ки зиндагӣ пеш мегузорад, аз ҷумла чунин вазифаҳои нахустдараҷа– таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва истиқлолияти энергетикӣ, паст намудани сатҳи камбизоатию баланд бардоштани шуғли аҳолӣ, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамчунин раванди пайвастшавии минбаъдаи кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бунёди ҷомеъаи шаҳрвандиро ҳаллу фасл менамояд.

Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу суботи саросарӣ дар кишварамон фароҳам омад. Маҳз қабули ин санад ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкориҳо дар сарзамини аҷдодиамон оғоз бахшид.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Мо, мардуми шарафманди тоҷик ифтихор аз он дорем, ки маҳз бо фидокорию ҷонбозиҳои душвору тӯлонӣ ва пурмашаққат, соҳиби ваҳдати миллӣ,  якпорчагии давлат, истиқлолият, давлатдории навини тоҷикон шуда тавонистем, пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддуни муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таъмин намоем.

Вобаста аз ин бо қаноатмандӣ метавон таъкид дошт, ки таркиби иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон низ аз ҷавонони неруманд ва соҳибзавқ ташкил ёфта, хар кадоме бо истифода аз потенсиали ақлониву зеҳнии худ парчами ватанро дурахши тоза мебахшанд ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Халқи тоҷик дар даврони ба ноил шудан ба сулҳу суббот хуб дарк намуд, ки истиқлолият ва ваҳдати воқеи доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан, барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст.

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузург, бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асил ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тули беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекарданд.

Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муйясар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амали сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон қадами устувор гузорем, ки нақши «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар ин ҷода ҷой ва мавқеъи муҳимеро бозидааст.

Ваҳдати миллӣ барои бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетики, комуникатсионӣ ва густариши истеҳсолот дар ҳама соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати милли замина гузошта, мо халқи тоҷик  баҳри он талош намоем, ки Ватани азизамонро аз бунбасти коммуникатсиони раҳои бахшида, робитаи мустақими онро бо шоҳроҳи бузурги байналмилали  ба роҳ, монем.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшинос ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад ва чунон, ки имрӯз эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Аз ин рӯ, моҳияти Ваҳдат дар радифи вожаҳои ватан-модар ва сулҳ барои мардуми мо, ки тӯли солҳои тӯлонӣ аз дасти аҷнабиён ҷабру зулми беандоза дидааст, ниҳоят муқаддас мебошад.

Ваҳдат – ин ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ ва якпорчагӣ мебошад. Бидуни ваҳдат на танҳо соҳибистиқлолӣ, балки арзишҳои ба худ хоси давлат низ муттасил аз байн мераванд.

Мо ҷавонони имрузаи ватан чун ҳамеша дар татбиқи барномаҳи гуногунҷабҳаи сиёсати давлатӣ, дар амал сохтани дастуру паёмҳои сарвари давлатамон, баҳри ба худ тайёр намудани заминаҳои устувори давлатдории демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  иҷтимоӣ, фаъолона иштирок карда, дар сафи пеш ва паҳлу бо созандагони тақдири ояндаи Ватанмон қадам монда ба дастоварди бузурги  Ваҳдатамон шукргузори менамоем.

Имрӯз мо дар остонаи ҷашнгирии чандин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ, қарор дорем, ки  ҳамаи моро зарур аст, ташабускориро пешаи худ намуда, бобати ҳарчи зебо ва пуршукӯҳ гузаштани ин маъракаҳои сиёсии Ватанамон саҳми арзандаи худро гузорем, ки дар саросари давлатамон осмони соф, сулҳу оромӣ, тинҷию амони,  саодати рузгори хонаводагӣ, файзу баракат, умри дароз ва  садоқату муҳаббат ба Ватанро ноил гардем ва ин дасовардҳоро то ба наслҳои оянда бурда расонем.

Бигзор парчами ваҳдату истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон буда, «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», рӯзи созандаги, рӯзи эҷодиёти нав, дар қалби пуршуури Шумо бод.

Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олии иқтисодии ҶумҳурииТоҷикистон             А.Рафиқзода

Напечатать страницу Напечатать страницу