Боздид аз осорхонаи миллӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳувияти миллӣ 14 майи соли 2024, кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбаладони осорхона аз толорҳои таърихии осорхона дидан карданд.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллӣ ба як макони илму адаб мубаддал гаштааст, ки бинандаро ороиши зебоияш дар ҳайрат мегузорад. Аз гуфтаҳои роҳбаладон маълум мегардад, ки ин макони маърифат аз толорҳои таърихӣ иборат аст ва ҳар яки он давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегиранд.

Ҳамчунин, таърихи бостон ва асри миёна, нав ба навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори тӯҳфазинаҳои давлатӣ, ки дар он ҳадяҳои ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам тақдимшуда ба тамошо гузошта шудаанд.

Воқеан, ин иқдом дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр ҳам муҳим буда, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд гаштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.

Напечатать страницу Напечатать страницу