Ваҳдати миллӣ – эҳёгари ояндаи давлатдории мост

27 июни соли равон мардуми сарбаланди Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ, 27-умин солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд. Барои мо тоҷикистониён ин рӯз рузи таърихӣ, тақдирсозу муқаддас буда, ин сана беҳтарин неъмати зиндагии башарият – сулҳу осоиш, бахшишу ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оварда, дар ҳаёти ҷомеа саҳифаҳои навро баҳри рушду ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон боз кард.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ боиси ба вуқўъ пайвастани тағйироти ҷиддӣ дар сохтори давлатӣ гардида, бо баргузории ислоҳоти конститутсионӣ сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ такмил дода шуданд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифатан нави рушд ва мукаммал гардонии низоми қонунгузории миллӣ анҷом пазируфт, мақом ва эътибори низоми ҳокимияти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати Миллӣ имрӯз
ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқукҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бе дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии кишвар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҷараёни дигаргунсозиҳо ва тағйироти мусбате, ки дар давоми 27 соли пойдории ваҳдати миллӣ дар самти таҳкими асосҳои ҳокимияти давлатӣ, афзудани қобилияти истеҳсолӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани зиндагии шарофатмандонаи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон бо такя ба низоми қонунманди ҳукуқӣ ташаккул ёфт, аз нигоҳи қазовати таърих зуҳуроти барҷаста ва арзишманд мебошад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-хукуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 тасдиқ гардида буд, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузории соҳа, таъмини дастрасии шахрвандон ба ёрии ҳукуқии баланди ихтисос, ислоҳоти низоми мавҷудаи адвокатура пешбинӣ шуда буданд.

Дар давоми зиёда аз 27 соли фаъолияташон судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккабу тағйироти ҷиддиеро тай намуданд, ин пеш аз ҳама дар баррасӣ намудани парвандаҳои аз оддӣ cap карда то ба мураккабу гуногуншакл бо назардошти мураккаб гаштани муносибатҳои иқтисодӣ, тағйир ёфтани шакли тобеияти судҳои иқтисодии поёнӣ, як чанд маротиба  тағйир ёфтани марҳилаҳои судҳои иқтисодӣ алоқаманд аст.

Таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳофарӣ дар арафаи 27-солагии Рӯзи Вахдати миллӣ нишон медиҳад, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ басо таърихиву мондагор аст. Зеро маҳз талошҳои хастанопазири Сарвари давлат буд, ки оташи ҷанг хомӯш шуд, халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфта, дар фазоӣ осуда зиндагӣ доранд.

Имрӯз иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик аст, ки мо дар фазоӣ сулҳу ваҳдати комил умр ба cap мебарем ва кишвари азизамон сол ба сол рушду тараққӣ мекунад. Бешубҳа, кулли пешравиҳои ҷомеаи мо аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари таваҷҷуҳу омӯзиши ҷаҳониён қарор гирифт.

Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади
тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем.

Қаҳрамонии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро бояд донанд ва аз он сабақ  гиранд. Мардум ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба cap бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷахду талош варзанд.

Дар ин раванд мо, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва мақомоти судиро ҳам зарур аст, ки бештар аз дигарон дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошем.

Бо дарназардошти ин, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон аст, ҳамаи моро лозим меояд, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро посу пок нигоҳ дорем

Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  Вализода Ф.

Напечатать страницу Напечатать страницу